МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

То кай фиребу дурӯғ

То кай фиребу дурӯғ

То кай фиребу дурӯғ Ба ақидаи Муҳиддин Кабирӣ ҳануз 10 сол мешавад, ки ҳушдор додааст бояд зимоми миллати тоҷикро ба даст орад вале мардуми шарафманду куҳансолори тоҷик намехоҳанд, ки бори дигар фирефтаи макру ҳиллаи ин тавлидкунандаи гуруҳҳои террористӣ бошанд. Тамоми ин кирдорҳое, ки аз тарафи ҷоҳилон сар мезанаанд ин маҳсули кори хоҷагон алалхусус Муҳиддини Кабирӣ мебошад. Чихеле, ки аз суханрониҳояш маълум гардид дар тамоми давлатҳои мусалмонӣ аз имкониятҳои заифонаи мардум алалхусус ҷавонони камтаҷрибаву камсавод ва бо талқин намудани онҳо бо корҳои омехтаи исломӣ аз мисоли ҷиҳод, вазифа, маблағ ва дигар воситаҳо, ки орзуи беш нест онҳоро ба доми фиреби хеш кашида аз ҳаёти осоишта маҳрум месозад. Ин палид худро ҳамчун донандаи рукнҳои ислом вонамуд карда кирдорҳоеро анҷом медиҳад, ки ба инсоният буданаш шак овардан мумкин аст. Модоме, ки аз ҳаводису ҳамлаҳои террористи шумо 10 сол пеш огаҳи пай бурдаед, тамоми мардуми кишвар медонад, ки ин нақшаҳои дурнамоӣ шумо мебошад, вале бо ин кирдорҳои ғайриинсониятон дигар мардумро ба боварии худ дароварда наметавонед. Зеро шумо ҳамон гурге мебошед, ки худро дар сурати гусфанд ба мардум нишон медиҳед, вале мардуми бохиради тоҷик фарқияти насли гургро аз гусфанд ба кулли пай мебаранд. Шумо палидон то замоне дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат мекардед ва аз имкониятҳои зиёд истифода мебурдед Тоҷикистон ва мардумаш азиз ва ёру бародар буд. Ҳангоми ба мақсади нопоки хеш нарасидан аз қаби табодулот дар кишвар ташкил кардан ва мардуми осоиштаро аз манзилу маконашон овораву сарсон намудан инак ин ватани осоиштаро тавлидкунандаи гурруҳҳои террористи ном гузоштаед. Вале ин сухан дар ҳақиқат бо худи шумо плидон дахл дорад, зеро шумо замоне аз неъматҳои ин давлат баҳравар будед. Бояд волинайнатон ҳангоми тавлидатон ба шумо шири саг медод то вафодориро меомухтед вале афсус, ки ба шумо шири саг нею заҳри каждум додаанд то падару модар ва ёру бародари хешро заҳролуд кунеду гардед. Вақте , ки ба рузи қиёмат бовари дорӣ? омода бош, ки дуои бади падару модароне, ки фарзандонашонро бо фирефтаву фитнаандозӣ аз имкониятҳои заифиашон истифода намуда онҳоро ба корҳои хатарафзо роҳнамоӣ мекунӣ дар зиндагӣ хоҳи дид ва афсусу пушаймониҳо суде надорад. Вақте, ки худро шаҳрванди Тоҷикистон меҳисоби ва дар шиносномаат миллат тоҷик дарҷ шудааст баҳи чист, ки ҳодисаҳои нохушро ташкил карда ва аз дур бар зиддӣ ҳаммаслаки хеш қарсак мезанӣ. Инро бидон, ки ин масхарабозиҳову иғвоандозии шумо палидон беҷавоб нахоҳад монд. Зеро ҳар амалеро подоште интизор аст. Шумо палидон тавре худро вонамуд месозед, ки гӯё мардуми тоҷик аз ин амалҳои нопоки шумо бархурдор нестанд, аммо шумо гургсифатон ва курнамакон махлуқи зиёноваре мебошед, ки мехоҳед бе меҳнат суди зиёде ба даст оред, вале ҳеҷ ганҷе бе ранҷ муясар намешавад. Ташкил ва нақшаҳои таҳрезишудаи шуморо ҳамагон пай бурдаанд, чун муш дар сурохҳо пинҳон гардида ба ғайр аз нооромии марду ва ғасб намудани молу мулки дигарон фикре надоред. Таркишҳо ва амалҳое, ки дар давлатҳои мусалмонӣ ташкил менамоед, мақсадатон иғво андохтани як давлат бар зидди давлати дигар аст , вале мардуми бофарҳангу тамаддунофар ин амали ноҷавонмардонаи шуморо маҳкум месозанд. Тоҷикистон яке аз давлатҳои амнтарин дар даҳгонаи давлатҳо муаррифи гардидааст. Сокинони шарафманди тоҷик ба фирефтаи суханҳои бемавриди шумо бовар накарда баҳри гуггулшукуфоии ватани азизи хеш камари ҳимат баста дар атрофи Пешвои миллат ҳамчун пайравон муттаҳид гардида ин диёри сулҳпарварро боз ҳам шукуфонтару пурмуаттар месозанд. Хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ро ҳар шаҳрванде, ки нодида мегирад ва нисбаташ хиёнат мекунад хору залил хоҳад гардид, зеро тамоми шароиту имконоте, ки ба мо фароҳам оварда шудааст назираш дар дунё нест. Агар солҳо баҳри рушду нумуи кишвари азизамон Тоҷикистон достону романҳо нависем ин кам аст , зеро шоҳкориҳои Пешвои миллат дар ин масир беназир аст. Шумо кабири баҳри он номатро бо ҳарфҳои хурд навиштаам, ки шуморо исми хос нею умуман исм хондан мумкин нест. АБДУЛЛОЗОДА БОБОҶОН : Директори маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-01-2024, 16:48:32 | Диданд: 76