МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хоинони миллат аз иғвову дасиса ба тӯҳмат задан гузаштаанд.

Хоинони миллат аз иғвову дасиса ба тӯҳмат задан гузаштаанд.

Хоинони миллат аз иғвову дасиса ба тӯҳмат задан гузаштаанд. Муҳидин Кабири раиси ПМТ ба унвони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва кишварҳои узви он як нома фиристодааст, ки мафҳуми кулли он нома ин аст, ки Тоҷикистонро ба кишвари тавлиди террористон муттаҳам кардааст. Аввалан кишвари биҳиштосои мо бо сарварии Пешвои маҳбубу хирадманди хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки осудагии мардумашро, оромии халқашро сулҳу суботи миллаташро аз ҳама чизи дунё боло медонад, чи гуна метавонад кишвари тавлидгари террористон бошад?. Кишваре, ки мардумаш хушу хуррам дар он зиндагӣ мекунанду, зиндагии осуда доранд, чи гуна метавонад тавлидгари террористон бошад?. Кишваре, ки тамоми ҷаҳон эътирофаш кардаанду яке аз кишварҳои амтарин ҳисобида мешавад, чӣ гуна метавонад тавлидгари террористон бошад?. Пас аз ин маълум мешавад, ки ин хоини ватанфуруш, дасисабозу иғвоангез ба кишвари биҳиштосои мо тӯҳмат мезанад. Магар шумо ватани худро нафурухтаед, шумо бар ин сарзамин хиёнат накардаед, шумо номи ин кишварро доғдор накардаед, шумо нестед, ки Ватани хешро ба хоҷагони хориҷии худ ба пули ночизе фурухтаед. Шумоҳо ҳастед, ки ба сӯи Ватани хеш, ватанеки дар он бузург шуда, обу нони ин кишварро хурдаед санги маломат намезанед? Ҳамарӯза бо иғвову дасисаҳои беасос мардумро гумроҳ намекунед? Ҷавононро мағзшӯи карда ба доми худ намекашед? Пас кист тавлидгари террористон? Шумо нестед? Албатта, ки шумо ҳастед. Акнун мехоҳед ин гуноҳи худро бар сари Ватани мо биандозед. Аммо хато мекунед мардуми бофарҳангу бо маданияти тоҷик худ медонанд, ки Тоҷикистон ватани маҳбуби мо ҳасту тавлидгари зиндагии осоишта. Мо аз ин кишвари худ ва Сарвари меҳрубону ғамхор, хирадманду оқили худ мефахрему меболем. Шукронаи ин сарзамин мекунем, шукронаи Пешвои маҳбубамон мекунем, шукронаи обу ҳаво ҳатто хоки Ватан мекунем. На ин ки ба мисли шумо хиёнат карда боз тӯҳмат занем. Чунки мо намак хӯрда дар намакдон туф намекунем. Ҳамеша муттаҳид шуда, баҳри осоиштагӣ ва сулҳу суботи ин кишвар талош менамоем. Ба бӯҳтону дасисаҳои ҳеҷ як гуруҳ ва ё нохалафе бовар намекунем. Сокини ноҳияи Восеъ Шодибеки И.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 16-01-2024, 08:55:04 | Диданд: 78