МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хоин дар ду олам ба мақсад намерасад.

Хоин дар ду олам ба мақсад намерасад.

Хоин дар ду олам ба мақсад намерасад. Мусаллам аст, ки мо дар шароити хеле мураккаби ҷомеаи ҷаҳон, ки таҳдиду хатарҳои замони муосир ба низоми устувори кишварҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст, қарор дорем. Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,нигоҳ накарда ба ҳама душвориҳои ҷаҳонӣ, ки хоҳу нохоҳ ба иҷтисодиёти кишвар таъсири манфии худро расонида истодааст. кӯшиш ба харҷ дода истодаанд,ки халқи Тоҷикистонро аз ин буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ берун кашида, барои расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум амалӣ некеро анҷом диҳанд. Танҳо курдилу ҳасуде мисли Иқболи хоини миллату Ватан ва дигар наҳзатиҳои хиёнаткор заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарону мардуми меҳнаткаши кишварро нодида гирифтаву ин кӯрнамаку ҷоҳил, чоплусу хоини Ватан, номи миллати барӯманди тоҷикро доғдор кардаву ҳадафҳои ниҳоии хоҷаҳои хориҷиашро таблиғ карда бегонапарастӣ мекунад. Аммо мақсади ин хоини манфур ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд, чунки беҳуда нагуфтаанд: “Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад”. Мардуми сарбаланди тоҷик ба доми ин хоини ватан ҳеҷ гоҳ дода намешаванд. Мардуми тоҷик ва ҷавонони саодатманди мо бо такя ба дастгирии давлату ҳукумат ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар гуна андеша ва ақидаҳои ифротгароёнаи хоинони миллат дода нашуда, баҳри ободониву созандагӣ дар кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош меварзанд. Зеро, Тоҷикистони азизамонро ҳеҷ гох ва хеҷ кас аз он ҷумла ба монанди чунин хоинон ба монанди Иқбол, ободу осуда ва пешрафти онро таъмин намекунанд. Ин ватанфурӯшон танҳо максадҳои шахсӣ ва манфиатҳои хаҷагонашонро пеша доранду халос. Мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар н. Восеъ Иботов Д.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 25-01-2024, 11:36:16 | Диданд: 73