Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8755]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5794]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5171]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4656]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3966]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3960]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3957]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3949]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3657]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ
2. Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
3. ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР
4. Ҷиноятҳои сангин ва амалҳои нангини як ифротӣ
5. Хоини миллат – Муҳиддин Кабирӣ
7. Иқболи хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Омор
- Хабархо: 2417
- Расмхо: 39
- Онлайн: 30
- Хамаги омаданд: 54399
ҲНИ-ҳизби ифротгаро
ҲНИ-ҳизби ифротгаро Мо хуб медонем, ки дар Ватани азизи мо – Тоҷикистон ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гуруҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ мавҷуд буданд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳо ба роҳ монда шуда буд, ки худ паси парда назорат мекарданд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳимаш тинҷиву амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёрро фаромӯш мекарданд. ҲНИ агар дар аввали фаъолияташ диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш наонқадар ҷалб карда бошад, пас роҳбарияти он бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурданд. Барои ҲНИ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, пирони рӯзгордида, ҷавонон, омӯзгорону шогирдон – мо ҳама шукрона аз ин рӯзҳо, аз ин зиндагонии хушу хуррам дорем. Ҳама бо кореву ҳунаре андармон дар фазои сулҳу амонӣ умр ба сар бурда истодаем. Барои мо аз ҳама чизи муҳим ин сулуҳ амонӣ ҳаст, ки мо онро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем. Лекин дар ин даврони тинҷию амонӣ моро як чиз ба ҳайрат меорад, ки як тоифа зархаридони беватан, ки дар ватани азизи мо бародарро бо бародар низоъ андохтанд, дар хориҷи кишвар зери тозиёнаи хоҷагони худ давлати ободи- Тоҷикистонро зери танқид мегиранд ва як гуруҳи инсонҳои беватанмондаи ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИ таҳти роҳбарии М.Кабирӣ мебошанд, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу восита, истифода аз расонаҳо дар олам номи кишвари моро доғдор намоянд. Бинобар он мо бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надода, ба чунин рафтори хоинонаи онҳо нафрат орем ва ҷавононро ба ватандӯстӣ, ҳифзи Ватау арзишҳои миллӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ даъват намоем. Ҳамеша баҳри оромию ободӣ ва пешравии кишвари азизамон талош намоем. Аъзои фаъоли ҲХДТ дар н. Восеъ Сафархони М.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-02-2024, 17:10:58 | Диданд: 134