Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8755]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5794]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5171]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4656]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3966]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3960]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3957]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3949]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3657]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ
2. Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
3. ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР
4. Ҷиноятҳои сангин ва амалҳои нангини як ифротӣ
5. Хоини миллат – Муҳиддин Кабирӣ
7. Иқболи хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Омор
- Хабархо: 2417
- Расмхо: 39
- Онлайн: 31
- Хамаги омаданд: 54400
ТЕРРОРИЗМ ВАБОИ АСР
ТЕРРОРИЗМ ВАБОИ АСР Дар воқеъ, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд, зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба садҳо миллиард доллар дакка мехӯрад. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ, балки сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зери суол мебарад, инчунин, гаронии зиёдеро ба буҷети кишвар ворид месозад. Ҷуғрофияи нооромиҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра торафт доман паҳн намуда, имрӯзҳо миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи хонумонсӯзи ҷангу низоъҳо гардидаанд. Зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст. Имрӯзҳо дар 40 нуқтаи олам нохушиҳои мусаллаҳона идома доранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки инсониятро танҳо манфиат дар гирдоби чунин фитнаву иғво афкандааст.Бояд гуфт, ки дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Мусаллам аст, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи байни тоҷикон барқарор ва устувор гардид ва давлати мо аз хатари даҳшатбори нобудӣ раҳоӣ ёфт. Вале дар замони мо шахсоне, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд афкор ва мақсадҳои худро бо ҳар роҳу васила ва амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ифротгароӣ ва терроризм – яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард. Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад. Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд. АБДУЛЛОЗОДА БОБОҶОН директории маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳия
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-02-2024, 17:17:15 | Диданд: 271