МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТЕРРОРИЗ ВА МУНОСИБАТҲОИ ИФРОТӢ

ТЕРРОРИЗ ВА  МУНОСИБАТҲОИ ИФРОТӢ

ТЕРРОРИЗ ВА МУНОСИБАТҲОИ ИФРОТӢ Муносибатҳои байналмилалӣ, ки дар солҳои охир хеле зиддиятнок ва муқовиматомез гардидаанд, хосияти бераҳмонаи бараҳнагиро ба худ гирифтааст. Ҷараёнҳо ва нерӯҳои сиёсӣ беш аз беш сифатҳои иртиҷоию ифротии хешро ошкор месозанд. Дар ин қатор ҷараёни экстремизми сиёсӣ яке аз масъалаи муҳимест, ки тамоми кишварҳои дунё ва дар қатори онҳо мамлакати моро ҳам ба ташвиш овардааст. Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ айён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст ва аз ин рӯ, зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи онро бояд омӯхт. Инчунин, соли 2016 бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» тасдиқ гардид. Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас намуда, яке аз қадамҳои устувори мамлакати мо дар самти пешгирии ин зуҳурот мебошад. Мураккабтарин ва хатарноктарини зуҳури терроризм он аст, ки дар заминаи эътиқоди динӣ пайдо шуда бошад. Терроризми динӣ ба он асос меёбад, ки амалҳои террористӣ бо таълимоти динӣ тақвият дода мешаванд. Чунин ҳолат бештар хосияти фардӣ мегирад ва ба фанатизми аъзои гурӯҳҳои террористӣ нигаронида шудааст ва амалҳои террористиро фақат воситаи муваффақшавӣ ба мақсадҳои умумӣ надониста, онро ҳамчун наҷоти шахсӣ дар роҳи адо кардани қарзи бандагӣ дар назди худои муқтадир медонанд. Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро бештари ҷавонони тоҷикро, ки дар Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ иқомат мекунанд ва бо сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб бо пешниҳоди «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда, ба доми макри худ мекашанд. Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ бо мақсади мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа вобаста ба мавзӯи зикргардида нақша-чорабиниҳои худро тартиб дода, аз ҳисоби омӯзгорони пуртаҷриба гурӯҳҳои таблиғотӣ ташкил намуда, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ гӯшаи эҳтиёти оиди саҳифаҳои интернетӣ насб намуда, сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида, оид ба шомилшавии иддае аз наврасону ҷавонон, занону духтарон ба гурӯҳҳои ифротӣ, дар давлати ба ном исломӣ , ки ба муқобили мусулмонони дигар меҷанганд, ки аксарияти онҳо дар ин мулки бегона қурбон мешаванд, қайд намуда, падару модаронро бори дигар таъкид намуданд, ки ба чунин вабои аср бетараф набуда, фарзандони худро, ки дар дохил ва хориҷи кишвар зиндагӣ доранд, нагузоранд, ки фирефтаи гурӯҳҳои тундрав гардиданд ва ба Модар- Ватани худ хиёнат кунанд. Директории маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Абдуллозода Б.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-02-2024, 15:49:09 | Диданд: 302