МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТЕРРОРИЗМ – ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

ТЕРРОРИЗМ – ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

ТЕРРОРИЗМ – ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи терроризм ва экстремизм, ки падидаи номатлуб аст, диққати ҷиддӣ дода, дар Паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид менамоянд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Дар ҳақиқат имрӯз аҳли ҷамъияти оламро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Зеро ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумла ҳодисаҳое мебошанд, ки барои тинҷию амонӣ, амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷавонон хатар пайдо мекунад. Терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ ва амсоли он дониста мешавад. Аҳли ҷомеаи мо бояд як чизро дарк намояд, ки ин ҳарду падида комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар дорад. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки бояд ҳатман назари ҷомеаи кишвар бошад – ин коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад. Вазифаи асосии аҳли ҷомеа бояд дар қалби ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро ташаккул ва тарбия намоянд. Мо бояд ҳама, пиру барно, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулҳу суботи кишвар бошем ва ҳеҷ гоҳ нагузорем, ки нохалафон оромию осудагии моро халалдор созанд. Аъзои фаъоли ҲХДТ Мирзоева Г.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-02-2024, 15:50:25 | Диданд: 336