МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРИ ОН

ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРИ ОН

ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРИ ОН Баъзеҳо пайдоиши мафкураҳои террористиро ба таъйиноти ақидаҳои динӣ марбут медонанд ва бад-ин васила ҳадафҳои нопоки худро пиёда месозанд. Ин, бешак хато аст, зеро тавре Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид медоранд: «Терроризм дин, миллат ва ватан надорад». Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ мудом оид ба вазъи имрӯзаи бархе аз мамлакатҳо, ки дар он ҷо терроризму экстремизм реша давондааст, бо изҳори нигаронӣ чунин гуфтанд: «Бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем».Бо пуштибонӣ аз дини мубини ислом, ки он воқеан, зидди ин гуна зуҳурот мебошад, Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон баён карданд: «Ман ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз дошта будам ва имрӯз бори дигар изҳор менамоям, ки номи поки исломро ба зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст». Амалҳои ғаразноки онҳо, ки таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегиранд, аз ҷониби душманони ин дини мубин роҳандозӣ мешаванд. Сарвари давлат ҳамасола дар Паёми худ оид ба хатари терроризм ва экстремизм таъкидҳо намуда, аз ҷумла мудом ҳушдор менамояд, ки хатари терроризм ва экстремизм барои башарият на камтар аз силоҳи ҳастаӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму ойин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккураш ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад». Заминаи аслии террористиро дар нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокии баъзе аз ашхосе медонанд, ки ба доми тазвири душманони миллат меафтанд. Имрӯз яке аз мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ба гурӯҳҳои тундрав пайвастани ҷавонон мебошад. Бо таассуф метавон гуфт, ки бархе аз ҷавонони мо ба ҷои омӯхтани илму дониш ба роҳҳои нодуруст рафта, теша ба решаи хеш мезананд. Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононе, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом ба пуррагӣ огоҳӣ надоранд, ба сӯи худ ҷалб намоянд. Шукри истиқлоли ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад. Директории маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Абдуллозода Б.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-03-2024, 09:32:40 | Диданд: 233