МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

БОЯД МО АЗ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ХУДДОРӢ НАМОЕМ.

БОЯД  МО АЗ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ХУДДОРӢ   НАМОЕМ.

БОЯД МО АЗ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ХУДДОРӢ НАМОЕМ. Имрӯз дар Тоҷикистон тамоми имконоти муқовимат бо терроризм ва экстремизм фароҳам буда, аз аҳли ҷомеа тақозо мешавад, ки муборизаро бо ин зуҳуроти номатлуб пурзӯр созанд. Чунин руйдод имрӯз дар ҳаёти кишвар ба як маъракаи муҳими сиёсии давлатӣ мубаддал гардидааст. Барои ба чунин ҳолат расидан мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террориста манфиатдор дониста мешаванд. Имрӯз олами ислом ба қатлу қитол, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст ва аҷибтар аз ҳама он аст, тамоми корҳои ғайришаръӣ, балки аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешавад. Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузоранд. Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро бештар ҷавонони тоҷикро бо сабаби надоштани машғулят ва даромади муносиб ба доми макри худ мекашанд. Вале мо ҷавононро зарур аст ки ба дасисаву иғвоҳо ва дуруғҳои ин бадхоҳон дода нашавему ҳаёти худро барбод надиҳем. Чун, ки маҳз мо ҷавононро ояндаи давлату миллат мехонанд, пас моро зарур аст, ки баҳри пойдории сулҳу субот, оромиву осудагии кишвари азиз талош намуда, зиндагии худро ва ҷомеае, ки бо мо итминон доранд равшану шоиста намоем. Бо қадамҳои устувор баҳри фардои дурахшони кишвару миллати худ саъю кӯшиш намоему нагузорем нохалафе ин осудагии моро бо пулу моли ночизе бихарад. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар , аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва баҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтӯгуи тамаддунҳоро ба роҳ монем. Террористону экстремистон, хоинону ватан фурӯшон ҷиҳод алайҳи кӣ эълон медоранд? Муқобили мусулмонон, муқобили калонсолону кӯдакон, ҳамдиёрону ҳамватанони худ. Онҳое, ки аз хориҷи кишвар одамонро ба ҷиҳод ташвиқ мекунанд, дар асл хоинони миллат, ватанфурӯшон зархариданд, ки имрӯз аз Суряву Ироқ фардо дар Амрикову Аврупо баромад мекунанд. Ҳамаи гуфторашон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст. Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд мутаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигоҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон , тарғиби некиву накӯкорист. Бояд дар назар дошт, ки шарти асосии ҳифзи сулҳу оромиш ба пешрафти ҷомеъа дар низоми давлати дунявӣ, волоияти Қонун, ки мо дар ин роҳ қарор дорем, таҷҷасум меёбад. Аз ин рӯ зарур аст, ки чунин раванди идоракуниро ҳифз ва ҷомеаро аз равандҳои номатлубе, чун терроризму ифротгароӣ ва тафриқаандозии гуруҳои алоҳида эмин нигоҳ дошта ба пайрави аз иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу зеботар созем. Корманди МИҲД-и ноҳияи Восеъ Боймирзоева М.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 25-04-2024, 16:02:44 | Диданд: 201