Раиси ноҳия
Муовини аввали Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8754]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5792]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5170]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4655]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3965]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3959]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3956]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3947]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3656]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ
2. Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
3. ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР
4. Ҷиноятҳои сангин ва амалҳои нангини як ифротӣ
5. Хоини миллат – Муҳиддин Кабирӣ
7. Иқболи хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Омор
- Хабархо: 2417
- Расмхо: 39
- Онлайн: 12
- Хамаги омаданд: 54183
ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗАМОНРО АЗ ҲАРГУНА ХОИНОНИ ВАТАНФУРӮШ ҲИФЗ НАМОЕМ.
ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗАМОНРО АЗ ҲАРГУНА ХОИНОНИ ВАТАНФУРӮШ ҲИФЗ НАМОЕМ. Муҳиддин Кабирӣ муддати чан сол аст, ки мардуми Тоҷикситонро осуда зиндагӣ кардан намемонад ва аз хориҷа истода обуруи нуфузи Тоҷикистонро бо суханҳои дуруғу фитнаангезиҳояш дар арсаи ҷаҳон паст карданист Муҳиддин Кабирӣ, ҳамчунин дар зимни суҳбати худ бо як рӯзноманигор доир ба идома додани муборизаи сиёсии худ ба муқобили давлату Ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёни афкор намуд. Дар асоси гуфтору пиндори Муҳиддин Кабирӣ роҳбарияти олии имрӯзаи кишвар мехоҳад, ки дар Тоҷикистон гурӯҳҳои хурди силоҳдор, тундраву ифротгаро мавҷуд бошанд, то онҳо ба воситаи амалҳои нодурусту зӯроваронаи худ дар ҷомеа фазои нооромию нобовариро ба вуҷуд оварад ва ҳукумат онҳоро саркӯб намуда, аз ин вазъият ба суди худ суистифода бикунад. Ин ба он мазмун аст, ки агар вазъияти амниятии кишвар ноором бошад, дар он ҳолат дар чунин мамлакат ва ҷомеа аз демократия, озодии афкор ва фаъолнокии институтҳои шаҳрвандӣ сухан гуфтан ва иҷрои пурраи ин равандҳоро талаб кардан чандон дуруст нест. Дар ин ҷо низ гуфтору пиндори Муҳиддин Кабирӣ дур аз мантиқ ва хиради солим набуда, аз он бӯи ғаразу ҳасад ва таассубу нифоқ меояд. Мардуми шарифи тоҷик ва хосса ҷавонони саодатёри он шукри ободию озодӣ ва истиқлолияти меҳан менамоем, рушди босуръати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро бо чашми худ мебинанд ва аз сиёсати муваффақона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан ҷонибдорӣ мекунанд. Саҳми арзанда ва хизмати шабонарузи ва шуҷоати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳу осоиш ва оромии ҷомеъа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёби мегардад. Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия: Мирзоева Ш.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-05-2024, 11:54:29 | Диданд: 143