МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ҲНИ –ҳизби ифротгаро

ҲНИ –ҳизби ифротгаро

ҲНИ –ҳизби ифротгаро Зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизми диниро аввалин бор дар солҳои навадуми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИ барои нооромсозии вазъияти сиёсию ҷамъиятӣ ва ғасби ҳокимият роҳандозӣ ва истифода намудааст. Мусаллам аст, ки он амалҳои нангини террористони наҳзатӣ, аз ҷумла аз тарафи онҳо паҳн кардани ақидаҳои мазҳаби бегона дар байни аҳолӣ, ки бо суиистифода аз бовару эътиқодоти динии мардум анҷом дода мешуданд, дар асл бар зарари арзишҳои динӣ буданд. Зеро муллоҳои мутаассибу ифротии ҲНИ зери шиорҳои динӣ баромад карда, аз номи Худою расул ҳарф мезаданд, вале мақсадҳои ғаразноку хоҳишҳои палидонаи худро ҳамчун аҳкому фармудаи динӣ ба мардум талқин мекарданд. Дар асл мақсаду мароми ин хоинону аҷнабигароён иҷрои супоришу дастури хоҷаҳояшон ва амалӣ намудани нақшаҳояшон, яъне бо роҳи ноором кардани фазои сулҳу суботи кишвар ва бадбахту бечора намудани мардуми он барҳам додани сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ буд. Аз ин рӯ аҳли ҷамоатчигии кишварро лозим меояд, ки дар байни ҷавонон бештар корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монем, то онҳоро аз ҷавҳару воқеъати дини мубини ислом огоҳ созем. Имрӯзҳо дар хусуси амалҳои манфури террористию ифротгарон расонаҳои хабарии олам бисёр мегуянду менависанд. Воқеан ҳама ин гуруҳҳо дар ҷаҳони муосир хеле реша давонида мардуми сайёраи заминро ноорому дар ташвиш андохтааст. Ҳодисаҳои даҳшатборе, ки ба дасти ин гуруҳҳо дар кишварҳои шарқи наздик рух медиҳанд, ҳар инсони солимфикрро ба андеша меорад, чи заруратест, ки эшон ба ин амалҳоии нангин даст мезананд. Албатта ҳамаи ин аз он сарчашма мегирад, ин бахши одамон хештаншиноси худогоҳ нестанд. Аъзои фаъоли ҲХДТ Мирзоева Г.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-05-2024, 16:28:50 | Диданд: 243