МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хоинонро ин давлат ҳеҷ гоҳ намебахшад.

Хоинонро ин давлат ҳеҷ гоҳ намебахшад.

Хоинонро ин давлат ҳеҷ гоҳ намебахшад. Ба ҳамагон маълум аст, ки як хоини миллат бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки исмаш аз ду шахсияти бузург таркиб ёфтааст, бо суханҳои пучу подарҳавои худ мехоҳад, ки бо фармоиши хоҷагони худ вазъи сиёсию иттилоотии кишварро аз нигоҳи худ дигаргун созад. Ҳол он, ки додситони кулли Тоҷикистон Муҳаммадиқболи Садриддинро, ки сардабирии сомонаи "Ислоҳ"-ро ба уҳда дорад, ба қалобӣ муттаҳам карда мавриди кофту ков қарор додааст. Ҳеҷ амали ҷинояткорона беҷазо намемонад. Чи тавре, ки аз хабарҳои чархзананда дар шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ ҳастем, Муҳаммадиқболи Садриддин як чеҳраи шинохтаи олами ҷиноӣ шинохта шудааст. Аз шарҳи ҳоли Муҳаммадиқбол бар меояд, ки ӯ низ дар сиёсӣ кардани дини поку беолоиши Ислом даст дорад ва дар валангор кардани вазъи сиёсию тамомияти арзии кишвари озоду осудаи мо яке аз нақшҳои марказиро бозиданист. Муҳаммадиқболи Садриддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро сафед карда, бо ифтихор аз гузаштаи худ меболад ва бо фирор кардани ӯ гӯё миллати мо як олими шинохтаро аз даст дода бошад. Дониста бошед, ки шуълаи он шамъе, ки шумо ба мислаш сӯхтанӣ ҳастед абадӣ фурӯзон нест ва албатта барои доимӣ хомӯш хоҳад шуд. Ба ин Ватану ба ин сарзамини Миллати осудаю тамаддунофар ҷиҳати ноором сохтани вазъ касе роҳ нахоҳад ёфт. Бас аст аз бурун ба хонаи худ ба сари падару модар ва ёру бародари худ санг андохтан. Шарм доред, шуморо инсон гуфтан ҳам ҳайф аст. Чунки инсони комил ҳеҷ гоҳ ба сари миллати худ ба сари кишвари худ санги маломат намезанад. Ин хоини дилсиёҳу фитнаангез ҳамаи пешравиҳои кишвари маҳбубамонро нодида гирифта, танҳо аз камбудиҳои ночиз айб меҷӯяд. Ба ин ватанфуруш гуфтанием, ки мардуми тоҷик кишвари худро дӯст медорад ва аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон розӣ буда, дар пайрави аз ин сиёсат доимо дар пайи ободиву шукуфоии кишвар мебошанд ва ба шумо борин хоинони русиёҳ бовар намекунанд ва ҳеҷ гоҳ ин миллату ин давлат хоинонро намебахшад. Аъзои фаъоли ҲХДТ аз н. Восеъ Мирзоева Г.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 31-05-2024, 14:31:21 | Диданд: 147