Раиси ноҳия
Муовини аввали Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8736]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5789]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5167]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4653]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3963]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3957]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3954]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3945]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3654]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ
2. Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
3. ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР
4. Ҷиноятҳои сангин ва амалҳои нангини як ифротӣ
5. Хоини миллат – Муҳиддин Кабирӣ
7. Иқболи хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Омор
- Хабархо: 2417
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 54133
Муҳаммадиқболи С. ба дурӯғ ва сафсатаҳояш ба мақсад намерасад.
Муҳаммадиқболи С. ба дурӯғ ва сафсатаҳояш ба мақсад намерасад. Муҳаммадиқболи С. бо овардани асноду далели шаръӣ аз Қуръону ҳадис худро мутадайини ростин вонамуд мекунад ва ба гулзании хонанда мепардозад. Ин одати ҳамешагии хурофотиёни мазҳабист ва ҳамчун вижагии ҳувияти М.Садриддин. Гурӯҳҳои созмонҳои экстремистию террористии мазҳабӣ, ки аз номи ислом баромад карда, ба қатли бегуноҳҳон сари кор мегиранд, далелҳои куштору тарсафканиашонро бар маънои сарчашмаҳои исломӣ меоваранд. Агар шумо, ки худро муъмини ростин ва мусалмони яқин медонед, ба сарчашмаҳои фикрӣ ва идеологии созмонҳои террористии исломӣ таваҷҷуҳ кунед, мебинед, ки кули амалкардҳояшонро, ки мунҷар ба қалу куштори ҳазорон-ҳазор нафари бегуноҳ мегарданд, бар асоси далелҳои шаръӣ исбот мекунанд. Бинобар ин овардани мисолҳо аз Қуръон ҳоло далел шуда наметавонанд, ки террористони мазҳабӣ бидуни поя ва мадраки исломӣ инфиҷор анҷом медиҳад ва одам мекушанд. Вақтҳои охир бо мақсади бадномсозии кишвари аҷдодии худ аз ҳар роҳу восита истифода мебаранд. Аз ҷумла дар атрофи чизе набуда овозаю ҳангома паҳн месозанду аз дур истода натиҷаи онро тамошо мекунанд. Мухолифони давлату Ҳукумати Тоҷикистон то ҳол умед ба он доран, ки бо туҳмату буҳтонҳои бофтаю хаёлиашон як навъ карда вазъи ҷомеаро ноором месозанду аз ин истифода бурда ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд. Имрӯз ягон нақшаи палидонаи хоинони миллат барои нооромии Тоҷикистони азиз кор намеоянд, зеро халқи тоҷик симои разилонаи ин гуна шахзсонро медонанд ва мешиносанд. Аз гулгулшукуфои Тоҷикистони азиз ҳар як фарзандаш меболад, мефахрад ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунад. Хушбахтона, мардуми тоҷик имрӯз ба ҳама воқеоти атрофи хеш бо чашми равшан менигаранд ва ба кӯшишу талошҳои Пешвои хирадманди худ, ки Тоҷикистони ҳамагӣ 20 сол пеш вайронаю валангорро дар муҳлати хеле кӯтоҳ ба як сарзамини тенҷу осоишта ва рӯ ба тараққӣ табдил дод, аз сидқи дил аҳсану офарин мехонанд. Бигзор ин ба табъи хираи душманони давлату миллати мо хуш наояд, вале мо ҳар лаҳзаву соат шукрона мекунем, ки бо сарварии Пешвои муаззами худ ба чунин рӯзи саодату хушбахтӣ ва давраи рушду гул-гулшукуфӣ расидем. Сокини ноҳияи Восеъ: Шодибеки И.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-06-2024, 17:20:55 | Диданд: 341