МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ақидаи нопоки ҳеҷ як нафаре ба оромии миллати тоҷик халал ворид намекунад.

Ақидаи нопоки ҳеҷ як нафаре ба оромии миллати тоҷик халал ворид намекунад.

Ақидаи нопоки ҳеҷ як нафаре ба оромии миллати тоҷик халал ворид намекунад. Қайд бояд намуд, ки пас аз рушд ёфтани технологияи иттилоотӣ ва рушди шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасии мардум ба иттилоот ва пайдо намудани маълумоти зарурӣ барои ташаккули маърифат худ осон шудааст. Лекин мутаасифона на ҳамаи одамон, фарҳанги муносибат бо шабакаҳои иҷтимоиро риоя мекунанд. Имрӯзҳо шабакаи интернет ба майдони муборизаҳои бе марз ва бенезорати гурӯҳои манфиатҷӯй махсусан гурӯҳои ифротгаро гаштааст. Ин ашхоси бадхоҳ шабакаи иҷтимоиро ҷойи барои хабарҳои дурғ, пуч ва бемаънои худ кардаанд ва аз он ҳамчун паногоҳ истифода мебаранд. Онҳо аз ин роҳ истифода бурда ҷавонон ва нафараони бе илму донишро ҷалб ва мағзшӯии мекунанд. Ин ашхос барномаҳои худро ҳадафмандона бо истифода аз дин ва эътиқоди мардум бо овардани ақидаҳои диннӣ дар сомонаҳои интернетӣ ба таври васеъ паҳн менамоянд. Вақтҳои охир душманони миллати тоҷик ба мисоли Аҳмад Фируз ва Абдулқодири Ҳомиӣ бо мақсади бадномсозии Тоҷикистони азизи мо, аз ҳар роҳу восита истифода бурда мехоҳан вазъи осудаи миллати тоҷикро ноором созанд. Ба ақидаи ин ашхоси дур аз илму маърифт дар Тоҷикистон рафтан ба масҷид манъ шудааст, ҳоло он, ки дар ҳар гушаву канори Тоҷикистон масҷидҳо мавҷуд аст. Ба гуфтаи ин мубалиғони ифротӣ дар Тоҷикистон қурбониро манъ кардаанд, ки ин дурӯғи маҳс мебошад, чун дар Тоҷикистон ҳар касе тавоноӣ дорад метавонад қурбонӣ намоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мардум озодона ва бе мамоният барои ибодат ба масҷидҳо мераванд. Ин ифротиён бо оврадани афкори худ мехоҳанд, ин сулҳу бо заҳматҳои зиёди халқи тоҷик овардаро бар ҷаҳолат табдил диҳанд ва кишварро ба макони муборизаҳои сиёсиву мазҳабӣ табдил диҳанд. Ин ашхос сараввал давлати худро тинҷ созанд, ҳуқуқу озодиҳои занону модаронро риоя намоянд, ба таҳсил фаро гирифтани занҳоро дар Афғонистон амалӣ намуда, саодати мардуми ранҷбурдаи худро амалӣ намоянд. Мо мардуми шарафманди Тоҷикистон аз сохти конститутсионии дунявият ҷонибдорӣ менамоем. Мо ватани худро ба ҳар роҳу воситае набошад ҳимоя месозем. Корманди МИҲД-и ноҳия Маҳмадзода Ш.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-06-2024, 21:46:41 | Диданд: 196