МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Таблиғҳои иттилоотиро ба манфиати даромади шахси роҳандозӣ мекунанд

Таблиғҳои иттилоотиро ба манфиати даромади шахси роҳандозӣ мекунанд

Таблиғҳои иттилоотиро ба манфиати даромади шахси роҳандозӣ мекунанд Чанд рӯз аст, ки аз ҷониби ба ном баъзан руҳониёни хориҷӣ атрофи корҳои дохилии кишвари азизи мо сару садоҳо паҳн паҳн гардида, онҳо бо истифода аз мақоми ночизи худ бо мақсади дарёфт намудани даромад ёвагӯи намуда истодаанд. Мавзӯъи онҳо пешгирии либосҳои бегона дар кишвари мо мебошад. Мо мардуми Тоҷикистон ба худ таърихи бою ғанӣ дошта, дар сарзамини мо осори асрҳои санги мавҷуд аст. Либоси мо таърихи тулонӣ дошта ҳар як нақшу нигори он ифодагари офтобу ситора аст. Таблиғоти хориҷӣ ончунон васеъ гардидааст, ки баъзан ҷавонон фирефтаи онҳо гардида истодаанд. Дар хоки давлати Афғонистон шиканҷаву амалҳои ғайриқонунии асрҳои миёнагӣ вуҷуд дорад, ки ин аз минбарҳои баланди Созмони Миллали Муттаҳид гуфта мешаваду, он ба чашми руҳониёни ҳамин кишвар вонамуд намешавад. Кишвари азизи мо, ки ҷойи амну субот аст, барои ҳар як кӯдаки бесаробон давлат пул ҷудо мекунаду, касе худро танҳо намеҳисобад зери танқиди як руҳонии давлати ҳамсояи мо қарор гирифтааст. Ин руҳонии ба ном мардумро ба ноамни даъват намуда истодааст. Дар шароити кунуни дар шабакаҳои интернетӣ таблиғ содда буда, аз он манфиати хуб ба даст овардан мумкин аст. Масалан дар калимаҳои аввали, ки ба забони интернетӣ “тренд”, “теги” мегӯянд кадом наворе афтаду онро тамошобинаш бисёр бошад, дарҳол сари ҳамон мавзӯъ ҳар нафар метавонад навори фиристаду аз он фоидае ба даст орад. Руҳониёни ҳамсоякишвари мо медонанд, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 1 миллион истифодабарандагони интернет шояд бошад, навор гирифтаву мунтазам гузошта истодаанд, ки саҳифаи онҳо пур аз тамошобину амалҳои дастгирии интернетӣ бошад. Ман умеду боварии комил дорам, ки ҷавонони имрӯзаи мо аз таъриху тамаддуни худ огоҳ буда ба сафсатагӯиҳои ин аҷнабиён диққат надода, рамзи ғайри қобили қабул “дизлайк”-ро мегузоранд. Зеро душманони мардуми Тоҷикистон аз ободкориҳо ва пешрафти кишвари мо ангушти ҳасрат гузошта, мақсади ноором кардани вазъро доранд. Дар хоки ҳамсоякишвари мо мардуми одди кӯдакони худро фурӯхта аз маблағи он маводҳои хӯрокворӣ мехаранд, бештари аҳолӣ дар шароити фақру бесаводӣ қарор доранд. Мо мардуми Тоҷикистон, ки бо ҷонисориҳои фарзандони бонангу номуси кишварамон истиқлолияту ваҳдатро ба даст овардаем, намегузорем, ки аҷнабӣ дар ин кишвари таблиғоти васеъи хурофотӣ барад. Вакили ноҳиявӣ Ғафоров С.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-06-2024, 14:29:14 | Диданд: 208