МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

АЙБИ ХУД АБЛАҲ НАБИНАД ДАР ҶАҲОН

АЙБИ  ХУД АБЛАҲ НАБИНАД ДАР ҶАҲОН

АЙБИ ХУД АБЛАҲ НАБИНАД ДАР ҶАҲОН Ҳар як нафар пеш аз оне, ки айбу камбудии дигаронро меҷӯяд бояд аввал андеша намояд, ки худ кист ва барои мардум чи манфиате овардааст. Ҷойи оне, ки айби мардумро ҷуста худ ва дигаронро азият медиҳед, бояд баҳри ободии кишвар ва муҳофизати марзу буми кишвари хеш катарин талош варзед. Миллати тоҷик миллати соҳибтамаддун ва дурандешу хирадманд буда, бо суханони палидон бо ном мавлавӣ ё фосиқ гӯш наандохта дар ободонии кишвари хеш, ки онро Тоҷикистон ном аст саъюу талош меварзанд. Агар шумо миллати афғон баҳри ҷиҳод талош меварзед пас зану фарзанд, хоҳару модари хешро аз ин ҷаҳолат берун бароред. Модоме, ки ашхосе на мактаб хондаасту на аз илми дуняви ва охират бехабар ҳаст афзалияти сулҳу субот осоиштагиву оромиро аз куҷо дарк карда метавонад. Барои ин гуна нафарони ҷоҳил иғвоандозию фитнаангезӣ кирдори доими маҳсуб ёфта, мисли каҷдум аз пушт нешзаданро кори неку савоб медонанд. Ин ҷоҳилон бо номи мавлавӣ зархаридони давлатҳои ноором маҳсуб ёфта вазифаашон халалдор сохтани мардуми осоишта мебошад. Ҳар як фарди солимақл бояд кору пайкор, ободонии босуръат, пешрвиву созандагиҳоро дар кишвари тоҷикон нодида гирад ӯро инсон номидан мумкин нест. Мардуми бохиради тоҷик аккоси ин палидони давлати ҷангзадаи беш аз 40 соларо бовар нанамуда, пайи ободии кишвари хеш саҳмгузор мебошанд. Сулҳу субот осоиштагиву амонӣ дар Тоҷикистони азизамон ҳукумфармост, ки назираш дар рӯи олам нест. Тоҷикистон ҳамчун давлати амнтарин дар понздаҳгонаи давлатҳо маҳсуб ёфта бо кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардидааст. Баҳри ҷоҳилони ҷиҳодталаб мисраҳои зерин пандест: Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон, Бошад андар ҷустани айби касон. Миллате, ки нест бо ҳам муттаҳид, Бори зулми дигарон хоҳад кашид. Корманди шуъбаи маорифи н. Восеъ Абдуллозода Б.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-06-2024, 17:27:17 | Диданд: 152