Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8666]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5765]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5112]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4625]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3933]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3928]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3928]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3924]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3629]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2412
- Расмхо: 39
- Онлайн: 13
- Хамаги омаданд: 53392
ХОИНИ МИЛЛАТ, МУҲИДДИН КАБИРӢ:
ХОИНИ МИЛЛАТ, МУҲИДДИН КАБИРӢ: Имрӯзҳо симои асли Муҳиддин Кабири ба ҳам мардуми кишвар маълум аст. Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин ватанфуруш ва нокасу палид мешиносанд. Муҳиддин Кабирӣ аз вақте, ки аъзои собиқ Ҳизби наҳзати ислом айни замон ТЭТ ҲНИ шуданаш ба халқу ватани худ хиёнат карданро сар кард. Муҳиддин Кабирӣ муддати якчанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад. Тавре, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз сиёсатмадорони варзидаи ҷаҳони муосир ва муборизи арсаи сулҳу осоиштагӣ эътироф шудаанд, терраризму экстремизмро пайваста маҳкум мекунанд ва бар зиди ин падидаҳои номатлуб аз минбарҳои баланд бо қатъият садо баланд менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм таваҷуи ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Нақшаҳои баде, ки Муҳиддин Кабирӣ кашида буд, оқибат худ шармандаю берун аз кишвар фирор шуд. Имрӯз Муҳиддин Кабирӣ аз иғвою дасисаҳои худ, ки нисбати халқи тоҷик дошт пушаймон гаштааст. Имрӯзҳо ин хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад. Ӯ инсони дарбадар дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки Ватану миллати худро мефӯршанд. Хиёнати Муҳиддин Кабирӣро тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аллакай дарк намуда, ба эшон лаънат мехонанд ва уро ташкилотчигии асосии ҳодисаи мусалаҳонаи моҳи сентиябри соли 2015 меҳисобанд. Дар шароити кунуни нишонае аз фаъолияти ин ҷараёни тундгаро ва ё дастгирии он аз ҷониби сокинон, дида намешавад. Зеро ки мардум дарк намуданд, ки ҲНИ онҳоро ба роҳи бад ҳидоят мекард. Мардуми сарбаланд ва сарсупордаи миллати тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қодир аст дар муқобили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои дини-ифроти, аз ҷумла ташкилоти ифротии ҲНИ, истодагари карда, Ватану миллати худро аз таҳдидҳои онҳо ҳифз намоянд. Саҳми арзанда ва хизмати шабонарӯзи ва шуҷоати миллии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳу осоиш ва оромии ҷомеъа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёби мегардад. Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия: Мирзоева Ш.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-07-2024, 18:26:39 | Диданд: 283