МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Терроризм ва экстремизм яке аз мушкилиҳои имрӯз

Терроризм ва экстремизм яке аз мушкилиҳои имрӯз

Терроризм ва экстремизм яке аз мушкилиҳои имрӯз Терроризм ва экстремизм яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фарогирифтаву зиёда аз садхо таъриф барои мушаххас намудани он аз ҷониби олимон пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, ҳуқуқшиноси машҳурирус Л.А.Моджорян мегӯяд: «Терроризм амале мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, ташкилот ва ё гурӯҳи одамон, барои расидан ба ҳадафҳояшон равона карда мешавад». Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, мардумро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ барзидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Қурбонии терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу авомили бурузи афкори терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст” ва набояд фирефтаи он гашт. Баръакс алайҳи ин гуруҳҳои ифротӣ мубориза бурда, баҳри пойдории сулҳу осоиштагии Ватант азизамон саҳми муносиби худро бояд гузорем ва номбардори кишвари худ бошем. Мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар н. Восеъ Иботов Д.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 24-07-2024, 16:59:59 | Диданд: 161