МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

МуҳаммадиқболиСадриддин- хоини милат

МуҳаммадиқболиСадриддин- хоини милат

МуҳаммадиқболиСадриддин- хоини милат Тариқишабакаҳои иҷтимоӣ мо мушоҳиданамудаистодаем, ки ҷаҳонимуосирпуразтазот, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳоест, киякеазсабабҳоионафзудан ва гузариш ёфтани терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо мебошад. Дар робита ба ин андешаронӣ намуда, мисол меорем, ки як гурӯҳи хиёнаткорон, роҳбарон ва аъзои ТТЭҲНИ, ки дар кишварҳои хориҷа паноҳ бурда, тариқи барномаҳо ба кишвари соҳибистиқлоламон сангандозӣ мекунанд, вазъи сулҳу суботи ҷомеаро ноором кардан мехоҳанд. Чунончӣ имрӯзҳо Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф, хоини миллат яке аз сомонаҳои ташкилоти террористи наҳзатӣ бо номи Ислоњ нет маҳз бо туҳмату ғайбат кардани роҳбарону шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон ва бадномсозии мақомоти давлатӣ машғул аст. Дигар ӯ коре надорад. Албатта ин вазифаро дар назди ӯ саркардаи террористони наҳзатӣ ва хоҷаҳои хориҷиаш гузоштаанд. Амали мазкури нангинро ин палиди касиф бар ивази чанд пули ҳароме анҷом медиҳад, ки чунин тарзи рафтор хоси оқипадарон ва мардудон аст. Умуман нисбати амалҳои қаллобӣ ва бешаврафии роҳбари сомонаи “Ислоҳ нет” Муҳаммадиқболи Садриддин соатҳои дароз суҳбат намоем кам аст. Воқеан ин хиёнаткор бо як гурӯҳ гумроҳони дигар, дар сомонаҳои иҷтимоӣ видеороликҳои пуч ва суҳбатҳои бе мазмунро паҳн карда, ватанфурушу хоин будани худро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозанд. Мақсади асосии ин хоини миллат гумроҳ намудани ҷавонону наврасон буда, сафи хоинону ватанфурушонро зиёд кардан аст. Таъкидан хотиррасон мекунем, ки ҳеҷ гоҳ Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф бо мақсади нопоки худ нахоҳад расид. Бинобар ин таъкидан ба хоини миллат М.Садриддини бешараф ва ҳаммаслаконаш гуфтанием ки аз ҳар минбару барномаи ифротиашон номи Тоҷикистонро ба забон наоранд! Наҳзатиён набояд аз минбарҳо садо баланд кунанд. Чунки онҳо ватанфуруш ва бадхоҳони миллат ҳастанд, ки ба ин таърих гувоҳ аст. Сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и н. Восеъ Шералиева Г.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 24-07-2024, 17:35:11 | Диданд: 165