Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8828]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5852]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5239]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4696]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4014]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4012]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4000]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3996]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3688]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. Э Ъ Л О Н
2. МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ
3. Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
4. ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР
5. Ҷиноятҳои сангин ва амалҳои нангини як ифротӣ
6. Хоини миллат – Муҳиддин Кабирӣ
8. Иқболи хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Омор
- Хабархо: 2418
- Расмхо: 39
- Онлайн: 7
- Хамаги омаданд: 55180
Шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегона.
Шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегона. Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳад, ки бештар ҳадафи асосии гуруҳҳои террористию экстермистӣ ҷавонон яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва наётани ҷои аниқи корӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвои зоҳир намудани волидайн ба тақдири ояндаи фарзандон, истифодаи бемавриди сомонаҳои интернетӣ ва ғайра мебошад. Омилҳои муаян кардашуда дар самти шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои экстермистиву террористӣ нишон дод, ки ин пеш аз ҳама зиёдаравӣ ва ҳисси бегонапарастии онҳо аст. Баъзе ҷавонон аз бетарафии ҷомеа истифода бурда дар кишварҳои хориҷа таҳсил карда, аз ҳисоби надоштани саводи кофӣ аъзои ягон гуруҳҳои муташшакили ҷиноӣ мегарданд.Мо аҳли ҷомеаро зарур аст, ки нисбати рафтори ҷавонон пурмасъул бошем. Бо мақсади пешгирӣ намудани терроризму экстермизм, махсусан пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои мазкур давлатро мебояд чораҳои зеринро дар ҷомеа фарҳам оварад: Баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ , некаҳволии халқ, дастгирии қишрҳои мухталиф ва таъмини имтиёзҳо ба ниёзмандон, ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ, ба тадриҷ коҳиш додани сатҳи болоравии он ва дар дохили ҷумҳурӣ бо кор таъмин намудани шаҳрвандони кишвар, баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии кишвар, бахусус ҷавонону наврасон , ҳалли масъалаи муносибати дурусти даъват ба дин , озодии виҷдон ва эҳтироми арзишҳои динӣ. Инчунин ба андешаи мо , хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ чорабиниҳо ва вохуриҳо , маҳфилҳо, мизҳои мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ , мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шавад. Дар ин робита, мувофиқи мақсад шуморида мешавад, ки амалҳо оид ба паст намудани зуҳуроти экстемистӣ дар муҳити ҷавонон ба самтҳои зерин равона карда мешавад: ба вуҷуд овардани механизмҳои пурмаҳсули таъсир ба раванди иҷтимоикунонии ҷавонон ва ворид намуданит онҳо бо фазои иҷтимоӣ, фарҳангии ҷомеа баланд бардоштани таълиму тарбия дар оила, мактаб ва муассисаҳои олӣ , ба ҷои кор ва музди хуб таъмин намудани ҷавонон, таъсис додани марказҳои ёрии равонӣ ба ҷавононе, ки бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Моро мебояд , ки дар таълиму тарбияи насли наврас алалхусус ҷавонон пурмасъул бошем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанро чун модари хеш бо қалбҳоямон дуст дорем. Директори маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Абдуллозода Б.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-08-2024, 14:36:05 | Диданд: 169