МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

«ҲНИ ин як гурӯҳи экстремистӣ-террористӣ мебошад»

«ҲНИ  ин як гурӯҳи экстремистӣ-террористӣ мебошад»

«ҲНИ ин як гурӯҳи экстремистӣ-террористӣ мебошад» Ҷаҳони имрӯз, чуноне ба назар мерасад, хеле пуртазод аст. Терроризм чун вабои аср ба ҳисоб меравад, ки дар ҷаҳон барои ноороми талошҳои худро аз ҳисоби хоҷагонашон пеш мебаранд. Ороми ва зиндагии мардумонро дар ин ё он гушаи олам ноором намуда, худро дар ҳалқаи одамон ҳамчун эъмонтарошон, ки ба муллою муфти ман-манам карда аз худою расули худ барканори мекунанд. Ҳол он ки ноором карда аз ҳамлаҳои хунини чунин ташналабони худ садҳо модар бе фарзанд, ҳазорон зан бешавҳар, ҳазорон фарзанд бе бесаробон ва одамони бегуноҳ ҷон бохта шаҳрҳову давлатҳо валангор мегарданд. Мо суханони Асогузори сулҳу Вахдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди терроризм ва экстремизм хуб ба хотир дорем сарвари давлат иброз медоранд, Террористон дин, миллат ва давлат надоранд. ҲНИ ин як гуруҳи экстремистӣ- террористӣ мебошад, ки гуноҳро худаш мекунаду бар души Ҳукумати азизи мо бор мекунад. Онҳо дар ин роҳи ҷомаи амал пушидани аќидаҳои пучу харобиовар ба амалҳое даст мезанд, ки чунин амалҳоро ҷомеаи ҷаҳони маҳкум менамояд, Онҳо ба мафҳумҳои Ватан, модар, ҳувияти миллӣ, дину мазҳаб сарфаҳм намераванд, барои онҳо чизи муќаддас вуҷуд надорад. Маҳз чунин гурӯҳи ҷавонон бо ваъдаҳои пучи мубалиғони террористон, ки гуё барояшон зиндагии шоиста муҳайё мекарда бошанд, бовар мекунанд. Яке аз масалаҳои доғи руз имруз васоити ахбори ома ва ҳама шабакаҳои иҷтимоиро ба худ ҷалб кардааст ин хатарҳои глобали аз ќабили ифротгароӣ ва терроризм мебошад, ки то рафт майдони амали онҳо васеъ мегардад. Бояд гуфт, ки ин омилҳои номатлуб тайи солҳои охир даҳо кишвар ва миллионҳо мардумони давлатҳои мухталифро дар минтаќаҳои гуногуни ҷаҳон ба нооромию сарсониҳо оварда расонидаанд. Бинобар ин ҳар як узви комилҳуқуқи ҷомеаро зарур аст, ки аз хатарҳои ин зуҳуроти номатлуб худдори намуда, дар пайрави ва сиёсати сулҳхоҳона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар пайи ободкорӣ, бунёдкорӣ ва шукуфоии кишвари азизамон бошем. Ва алайҳи ин гуна зуҳурот мубориза бурда, дар пойдории сулҳу осоиштагии кишвари азизамон камари ҳимат бубандем. Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия: Мирзоева Ш.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-08-2024, 14:37:15 | Диданд: 306