Раиси ноҳия
Муовини аввали Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8828]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5852]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5239]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4696]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4014]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4012]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3999]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3996]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3688]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. Э Ъ Л О Н
2. МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ
3. Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
4. ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР
5. Ҷиноятҳои сангин ва амалҳои нангини як ифротӣ
6. Хоини миллат – Муҳиддин Кабирӣ
8. Иқболи хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Омор
- Хабархо: 2418
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 55176
ҲНИ – ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасад.
ҲНИ – ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасад. Ташкилоти террористиву экстримистии ҲНИ имрӯзҳо яке аз овозадортарин масъалаи расонаҳои шабакаҳои интернетӣ ва ВАО гардидааст, ки аъзоёни он рӯз то рӯз ба ҳар роҳу усул мехоҳанд оромӣ, сулҳу субот ва амнияти кишварро халалдор намоянд. Барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз дурӯғу тӯҳмат ва дасисаҳо даст намекашанд ва бо ҳар роҳу васила мехоҳанд мардуми тоҷикро бар зидди давлату ҳукумат бархезонанд.Тамоми сокинони мо медонанд, ки солҳои 90-уми асри гузашта душвориро ба сари мардуми осоишта , ки оварду боиси хунрезии ноҳақ шуд. Маҳз бо ташкил шудани ҲНИ дар солҳои 90-уми асри гузашта, дар кишвари мо ақидаву равияҳо пайдо шуд, ки ташкилкунандагони он маҳз ҲНИ буд. Солҳои охир тамоми ҷомеаи ҷаҳониро авҷ гирифтани зуҳуротҳои нав ба монанди экстремиз ва терроризм ба ташвиш овардааст. Экстремизм ҷинояте мебошанд, ки ба муқобили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сохти конститутсионӣ, низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ягонагӣ ва бехатарии мамлакат равона карда шудааст. Ҷинояти мазкур хавфнокии баланди ҷамъиятӣ дорад. Экстремизм мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстемизм (ифротгароӣ)» экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ фаҳмида мешавад. Экстремизм тамоюл ба зӯроварии хусусияти сиёсидошта дорад. Инчунин, он барои амалӣ гардонидани сиёсат оид ба бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти давлатӣ, ғасб намудани ҳокимият, муқаррар намудани низоми фашистӣ ва ё дигар шаклҳои идоракунии диктаторӣ равона карда мешавад. Ба зуҳуроти эксртемизм, инчунин, даъват барои мунтазам вайрон кардани ҳуқуқи инсон, фарқгузории одамон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба ягон миллат ё нажод мансуб аст. Чунин аломатҳо айнан дар фаъолияти собиқ Ҳизби наҳзати исломи, Давлати исломӣ дар Сурия ва якчанд дигар созмону ҷамъиятҳои ба ном исломӣ дида мешавад. Гуруҳи муайяни ашхос бо мақсадҳои шахсӣ номи поки исломро истифода намуда ба он дар арсаи ҷаҳонӣ доғ меоранд. Ҷиноятҳое, ки аз ҷониби баъзе шахсони мансабдор, роҳбарон ва аъзоёни фаъоли собиқ Ҳизби назҳати исломи, ки бо истифода аз номи ислом ҳизбдорӣ намуда ба боварии мардум даромада, бо дастгирии ҳаммаслакони хориҷии худ таи солҳои охир бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, дигаргун сохтани сохти конститутсионии кишвар нақшаи мукаммал тарҳрезӣ намудаанд. Ҷиноятҳое, ки моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби гуруҳи муайян бо роҳбарии бевоситаи раиси собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ содир карда шуданд ва дар рафти тафтишот даст доштани он тасдиқи бевоситаи худро пурра ёфт гувоҳи ин гуфтаҳост. Бо дарки хавфнокии баланд доштани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои худ соли 2014- 2015 якчанд ҷамъият ва ташкилотҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунандаро бо далелҳо ва асосҳои кофӣ экстремистӣ ва террористӣ эътироф намуда фаъолияташонро манъ кард. Бо ҳалномаи Суди Олӣ аз 9 октябри соли 2014 Кумитаи 24 ҳамчун ташкилоти террористӣ, экстремистӣ ва ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда эътироф карда шуда, фаъолияташ манъ карда шудааст. 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати ислом ҳамчун ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)- террористӣ эътироф намуда фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рӯзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии Ҳизби нахзати исломии Тоҷикистон, ба ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва паҳни аудио ва видеосабтҳо, истеҳсол, чопу нашри рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ карда шуд. Манъ намудани фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом амали саривақти ба ҳисоб меравад, зеро ин ҳизб дар оянда боз чи нақша ва ниятҳои нопок дошт, маълум нест. Имрӯз тамоми шаҳрвандон ин амалҳоро маҳкум менамоянд, ва изҳори таассуф мекунанд, ки бо истифода аз номи ислом ба чунин амалҳои нангини нобахшидани ин гурӯҳи ҷиноятпеша даст задаанд ва чанд нафар шахсони бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум сохтанд. Сокини н.Восеъ Гулрухсори Мирзо
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-08-2024, 14:15:00 | Диданд: 217