МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

НЕСТ БОД ХОИНОНИ МИЛЛАТ

НЕСТ БОД ХОИНОНИ МИЛЛАТ

НЕСТ БОД ХОИНОНИ МИЛЛАТ Имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Дар шароити ҳозира моро зарур аст, ки дар масъалаи ҳушёр будан аз хоинон ва душманони миллати, ки нияти сарнагун кардани миллати тоҷикро доранд, эҳтиёткор бошем. Тоҷикистон, ки узви ҷомеаи ҷаҳонист, аз хатари таҳдитҳои навини ҷаҳонӣ эмин буда наметавонад. Лекин бо сарвари шахсияти маъруфу хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи заҳматкаши тоҷик он рузҳоро паси сар карда, имруз дар Тоҷикистони ободу зебо зиндагӣ доранд. Мутасифона душманони халқу давлати тоҷик, ки хоини миллатанд мехоҳанд бо ҳар гуна роҳу усулҳо нисбати давлати тинҷу осоишта мо афкори ҷомеаи ҷаҳони имрӯзаро вайрон созанд. Аз дур истода иттилооти дурӯғ меди ҳанд. Вале халқи кӯр нест ва худ дида истодааст, ки саҳми Пешвои миллат дар рушди кишвар чӣ гуна аст. М. Кабирӣ созмондиҳандаи асосии ҳодисаҳои нангини солҳои пешин дар кишвар, ки боиси фавти фарзандону пайвандони мардуми тоҷик гардид, имрӯз озодона дар Аврупо умр ба сар мебарад, мардумро бо роҳи дурӯғу фиреб алайҳи давлату миллат шӯронид ва онҳоро дар монда, худ фирор кардааст. Бояд қайд кард, ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад, хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан орӣ нишон диҳад. Акнун дар хориҷи кишвар аз қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ кушиши молиявӣ гирифта, мехоҳанд боз фазои кишварро тира кунад ва ҳамчун як муҳра ба манфиятҳои бегона хизмат менамояд. Рӯз аз рӯз “касали” -и Кабири шидаттар шуда истодааст. Пешрафту шукуфоии Ватани азизамон, обрӯву нуфузи сарвари давлатамон Эмомалӣ Рахмон байни дигар кишварҳои ҷаҳон Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯро ором нагузошта, балки ғазабашро зиёдтар карда истодааст. Ӯ нашармида нисбати давлату ҳукумати Тоҷикистон носазо мегӯянд ва бо дурӯғу дасиса худро мазлум нишон дода, мехоҳад дар Аврупо паноҳ барад ва беҷазо монад. Мо мутмаъинем, ки дер ё зуд Муҳиддин Кабирӣ бо аъмоли террориситиаш, дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт. Сармутахасиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия Шералиева Г.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 29-08-2024, 16:54:23 | Диданд: 299