МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ

ТЕРРОРИЗМ ВА  ИФРОТГАРОӢ

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ Ифротгароӣ ва терроризм амали ноҷавонмардонае мебошад, ки инсон баҳри аз байн бурдани давлату миллат ва хусусан инсоният талош меварзад. Зеро аз рӯї қоидаҳои инсонӣ ва ҳуқуқи ин амалҳо нобахшиданист. Бояд тазаккур дод, ки баҳри аз байн бурдани ҷони касе ё ғасб намудани моликияти ашхоси алоҳида ин амали ноҷавонмардонаест, ки инсони комил ба ин кирдор қодир нест. Худ қазоваткунед, фарзандеро ятим сохтан, хонаеро вайрон намудан меҳнати дигаронро қадр накардан магар хислати инсонист. Қабул ва татбиқи як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ аз ҷумла соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза барзидди терроризм” ва соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза барзидди экстремизм” қабул карда шуда, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза барзидди терроризм ва экстремизм” аз соли 2006 тасдиқ карда шудааст, ки ин тадбирҳои пешгирӣ ҷиҳати ошкору тафтиши ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм боназардошти вазъи тағирёбандаи ҷамъиятиву сиёсии кишвар мусоидат хоҳанд кард. Зери назари насли калонсол қарордошта низ зиракии сиёсии ҷавонон, назорати қатъии истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи волидайн, робитаи мустаҳками мактаб ва оила, ҷалби наврасони соҳибзавқ ба маҳфилҳои фаннию ихтирокорӣ, таваҷҷуҳ ба масъалаи илмомӯзии ҷавонону наврасони деҳоти дурдаст ва фароҳам овардани шароити таҳсилу фароғати онҳо корбарии ҳамарӯзаро тақозо менамояд. Сиёсати муваффақи Тоҷикистон имрӯзро усулҳои муосири муборизаи дастаҷаъмонаро барзидди ин зуҳуроти манфӣ ва мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ тақозо менамояд. Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки худамон пеш аз ҳама намунаи ибрат бошем, насли ҷавону созандаро тарбия карда, ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат бигирем ва бо дасту дили пок дар сафи пеши амалӣ намудани сиёсати устувори давлат қарор бигирем. Корманди шуъбаи мароифи МИЊД-и ноњия Бобољони А.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-09-2024, 09:32:07 | Диданд: 207