Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8827]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5851]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5238]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4695]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4013]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4011]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3998]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3996]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3687]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. Э Ъ Л О Н
2. МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ
3. Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
4. ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР
5. Ҷиноятҳои сангин ва амалҳои нангини як ифротӣ
6. Хоини миллат – Муҳиддин Кабирӣ
8. Иқболи хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Омор
- Хабархо: 2418
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 55150
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ҶОМЕАИ ИМРӮЗА
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ҶОМЕАИ ИМРӮЗА Терроризм ва экстремизм дар ҷомеаи имрӯза ҳамчун як зуҳуроти номатлубе мебошад, ки истифода аз заифии инсонҳои камсаводу бетаҷриба решаҳои худро мустаҳкам менамояд, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ алалхусус кишвари мо, ки аз ҳисоби даҳгонаи давлатҳои амнтарин дар байни ҷаҳониён муарифи гардидааст, ин зуҳуротро тадриҷан решакан ва нест месозад. Мардуми шарафманди тоҷик ба суханҳои ин бадкирдорон бовар накарда, намегузоранд, ки бори дигар мамлакати биҳиштосои мо дучори фалокатҳои ногувор гардад. Дар вазъияти ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, пурмасъул, бомуваффақият, ки манфиатҳои милливу давлатиро аз манфиатҳои фардӣ боло мегузорад, хеле муҳимаст. Ҳамзамон баланд бардоштани таъсири шуури иҷтимоии зиёиёни пешқадам, ки дар бедор кардани завқи ҷавонон ба хондани асарҳои бадеӣ заминаи фаъол буда метавонанд, омода кардани суханварони ҷавон, ки идеологияи миллиро дар шакли афкори ватанпарастӣ миёни ҷавонон тарғиб менамояд, ба мақсад мувофиқ аст. Сиёсати муваффақи Тоҷикистон имрӯз роҳу усулҳои муосири муборизаи дастаҷаъмонаро бар зидди ин зуҳуроти манфӣ ва мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ тақозо менамояд. Татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Масъулияти падару модардар таълиму тарбияи фарзанд” аз насли калонсол тақозо менамояд, ки ҳисси дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ, ҳимояи марзу буми ватани азизамонро дарсаргаҳи андешаҳои тафаккури миллии фарзандон қарордода, боифодаи нақши зан ва модари босавод дар тарбияи насли худогоҳу хештаншинос масъулияти худро иҷро намоянд. Имрӯз Ҳукумати кишвар дар доираи амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагиро ба ҳар як шаҳрванди кишвар аз ҷумла ҷавонон кафолат додааст, ки яке аз сабабҳои паст гардидани ин падидаи хатарзо хоҳад буд. Мо шаҳрвандон ва зиёиёни кишварро зарураст, ки доир ба бадкирдории ин нохалафон тавассути оинаи нилгун саҳнаву филмҳо ва навиштани мақолаҳо ро дар рӯзномаву маҷҷалаҳои даври рӯйи кор оварем то насли наврас ва тамоми мардуми дохил ва хориҷи кишвар аз амалҳои ноҷавонмардонаи онҳо бо хабар гарданд. Ҳангоми ба боварии мардум надаромадани ин гуна палидон худ бар худ низоъ барпо намуда аз байн мераванд. Таърих ва замон собит ва муаян месозад, ки ин гурӯҳи нохалафон бо чӣ шармандагӣ зиндагони хоҳанд кард. Зеро ҳар амалӣ бадро сазои бад интизор аст. Корманди шуъбаи маорифи ноҳия Бобоҷони А.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 19-09-2024, 10:17:19 | Диданд: 297