Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8666]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5765]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5112]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4625]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3932]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3928]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3927]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3924]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3629]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2412
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 53370
Иқболи хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Иқболи Хоин ба мақсади нопоки худ намерасад. Тавре ҳамарўза аз расонаҳои хабариву иттилоотии фитнаангезонаи наҳзатӣ, ки бо маблағгузории хоҷагонашон ба хотири тарғибу ташвиқ ва пешгирифтаашон созмон дода шудааст, бармеояд, аъзои гурӯҳи экстремистӣ- террористии 24 – террорист Иқболбӣ мехоҳад худро дар назди ҷомеаи ҷаҳон ва бахусус хоҷагонаш ҷабрдида унвон дода, аз аёдату дастгири ва кумакҳои беғаразонаашон бархурдор гардад. Иқболбӣ бо ин мақсад дар хориҷ аз кишвар мисли беморони руҳӣ девонавор худро ба ину ба он дари хоҷагону ташкилотҳои байналмиллалӣ зада, бо пеш овардани мисолҳои тафриқаандоз ва авомфиребона мехоњад аз ғамхории онҳо бархурдор бошад. Мардуми тоҷик алалхус ҷавононписарон ва ҷавондухтарон бояд донанд, ки яке аз саркардагони асосии ҷанги шаҳрвандӣ – ҷанги бародаркуш ин роҳбарият ва пайравони ҳизби наҳзати исломӣ ва чунин шахсиятҳо ба монанди Иқболбӣ буданд, аммо ин хиёнати худро борҳо ба души дигарон ва дигар ҳизбҳо ҳавола медиҳанд аммо мо нағз бояд донем, ки маҳз чунин шахсиятҳо мардумро ба гумроҳи бурда бародарро бар зидди бародари худ душман сохтанд. Дар асоси гуфтаҳои боло хонанда бояд донад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа танҳо дар фазои сулҳ субот ва озодӣ дар ҷомеаи демократи инкишоф ёфта метавонанду халос пас баҳри ҳифзу пойдории сулҳу субот, озодӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ бояд, ки мунтазам ҳар як шахс дар талош бошад. Бо мақсади осудагӣ ва пешрафти Тоҷикистони азизамон ҳар як шаҳрванди Ватани азизамонро зарур аст, ки танҳо ба Конститутсия, Ҳукумат ва Президени кишвари азизамон Тољикистон такия намуда баҳри ободии Ватани азизамон талош намояд. Дар ҷомеаи имрӯза тамоми давлатҳои ҷангзада бахусус давлатҳои мусалмонӣ маҳс фирефтаи чунин шахсиятҳо ба монанди Иқболбӣгардида дар натиҷа солҳои тулонист, ки дар онҷо беҳокимиятӣ, қатлу куштор ҳукумфармост. Таърих гувоист, ки дар баъзе аз давлатҳои ховари миёна ва Африқо сулҳу субот оромӣ, инкишофи тамоми қишрҳои ҷомеа арзи вуҷуд дошт, аммо мутассифона чунин шахсиятҳо ба монанди Иқболбӣ манфиатҳои шахсии худро аз манфиатҳои давлату миллат боло ҳисобида мардумро ба гумроҳҳи бурда, дар натиҷа парокандагӣ, ҷангу хунрезиҳо дар ин давлатҳо то ҳоли идома доранд, ки барои барқарор кардани сулҳу субот дар ин мамлакатҳо боз даҳсолаҳо лозим аст. Шаҳрвандони Тоҷикистон-ро дар худ танҳо як чиз метавон иттифоқу ягона созад, ин Ватан аст. Орифзода Сомон– Сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 19-09-2024, 10:20:34 | Диданд: 142