Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8778]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5812]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5199]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4669]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3978]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3976]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3968]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3964]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3668]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ
2. Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
3. ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР
4. Ҷиноятҳои сангин ва амалҳои нангини як ифротӣ
5. Хоини миллат – Муҳиддин Кабирӣ
7. Иқболи хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Омор
- Хабархо: 2417
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 54718
Хоини миллат – Муҳиддин Кабирӣ
Хоини миллат – Муҳиддин Кабирӣ Он рӯзҳои сахте, ки ба сари миллати тоҷик омада буд, асло дигар наояд. Ҷанги шаҳрвандӣ рӯзҳои фаромуш нашавандааст. Муҳиддин Кабирӣ душмани халқи тоҷики бегуноҳ, модаронро бе писар, фарзандонро бе падар, занҳоро бе шавҳар кард. Ҳазорон хуни бегуноҳро резонд. Ҳазорҳо мардуми бегуноҳро ба дигар мамлакатҳо гуреза кард. Ашки чашмони модаронро резонд. Ҳазорҳо шаҳру деҳаро валангор кард. Мардуми бегуноҳро аз зиндагии орому осуда маҳрум кард. Мардуми бегуноҳ дар Ватани худ тинҷу ором гаштугузор карда наметавонистанд. Тоҷикистони орому осударо ба як кишвари ҷангзада табдил дод. Ин хоини Ватан аз мамлакатҳои хориҷ ба сари миллати тоҷик санг зада истодааст. Шахси бомаърифат бояд ба сухани ин душмани миллат бовар накунад. Зиндагии орому осудаи худро ноором нагардонад. Кабирӣ мардуми бегуноҳи тоҷикро бо фиребу найрангҳояш ваҳшиёна бақатл расонид. Чандин гурезаҳо дар мулки Афғонистон ҷондоданд. Модарони бегуноҳ дар он ҷо фарзандони худро аз даст доданд, то ҳол мардуми аламдида, дар ғами фарзандони ғариб мурдаашон ҳастанд. Бо кӯмаку дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурезаҳо ба хонаҳои худ ба Тоҷикистони азиз баргардонида шуданд. Мо ватандорон фахрмекунем, ки чунин Пешво дорем. Оромиву осудагӣ ба масъулияти ҳар як сокини ватандор вобастагӣ дорад. Агар Ватан орому осуда бошад, сулҳу субот, нозу неъмат фаровон мегардад, меҳру муҳаббати мардум боякдигар зиёд мешавад. Дар ҳақиқат хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонаст, ки мо дар Ватани биҳиштосои худ оромона кор ва фаъолият карда бо фарзандон зиндагӣ мекунем. Ба ҷузмеҳри Ватан ишқи дигар нест, Ба фарзандони бонангу вафодор. Чушахсе бекафан мирад ғаменест, Худо аз беватандорӣ нигоҳ дор. Ин меҳани худро бояд дӯстдорем. Мо сокинони кашвар ҳамеша даст ба дуо мекунем, ки Сарвари хирадмарди миллат ҳамеша саломат бошанд ва офтоби чеҳраи хандонашон рӯи минбарҳои олам равшанӣ бахшад. Ватани тинҷу ором ба ҳар як фарди мусулмони Худотарс азизу мӯътабар аст ба мисли модар. Пас мо набояд багуфтаи ҳеҷ як беватане, ки бозичаи дигарон аст бовар ва тарафдори намоем. Директории Муассисаи давлати «Маркази ҷавонон» дар ноҳия. Шодибеги И.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 25-11-2024, 11:10:05 | Диданд: 62