Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8778]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5812]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5199]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4669]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3978]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3976]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3968]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3964]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3668]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ
2. Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
3. ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР
4. Ҷиноятҳои сангин ва амалҳои нангини як ифротӣ
5. Хоини миллат – Муҳиддин Кабирӣ
7. Иқболи хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Омор
- Хабархо: 2417
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 54721
Ҷиноятҳои сангин ва амалҳои нангини як ифротӣ
Ҷиноятҳои сангин ва амалҳои нангини як ифротӣ Муҳаммадиқболи Садриддин бо амалҳои ҷинояткоронаю зиддимардумӣ ва кирдорҳои бадахлоқонааш маълум аст. Фармудаи шоир, ки мегӯяд «Гургзода оқибат гург бувад», ба М. Садриддин сад дар сад таалуқ дорад. Зеро М. Садриддин бо вуҷуди таҳсил дар мактаби шуравӣ ва таъсири муҳит, оқибат аз пайи падараш – мулло Қаландар рафта, имрӯз ҳамчун як фарди ифротӣ ба амалҳои нангини душманона ва зиддимардумӣ даст мезанад. Бархурди падари ифротиаш ба таҳсил дар мактаби шуравӣ ва умуман муҳити мазҳабзадаи хонаводагии онҳо имкон намедод, ки М. Садриддин мисли дигар хонандагон дар мактаб таҳисли дуруст дошта бошад. Падараш ҳамеша ба дарсхонии М. Садриддин халал мерасонд. Масалан, вай кӯшиш мекардааст, ки М. Садриддин на адабиёту забону таърих ва фанҳои дақиқро аз бар кунад, балки ба омӯзиши дину мазҳаб машғул бошад. Аз хурдиаш вай дар назди муллоҳои бесаводу иртиҷоӣ “таълим” мегирифт. Ташкилоти террористию экстремистии наҳзат маҳз дар хонаи онҳо таъсис ёфта буд ва падараш – мулло Қаландар яке аз таъсисидиҳандагони ин ташкилоти зиддимиллию хунхор буд. Агар гӯем, ки хонаи падарии М. Садриддин лонаи ташкилоти террористии наҳзатӣ ва худи ӯ зодаи терроризм аст, хато намекунем. Зеро дар хонаи онҳо пайваста ҷаласаҳои пинҳонии ин ташкилоти террористӣ мегузашт ва ба шаклгирии шахсияту афкори М.Садриддин таъсири амиқи равонӣ мегузошт. Ба қавли ҳаммаҳаллаҳояш М. Садриддин бо таъсири ифротгароию расвоии падараш ба як хонандаи дарсгурезу ноқобил ва кундзеҳн табдил ёфта буд. Вай саводу тарбияи дуруст надошт ва ҳатто бо ҳамсинфонаш муносибати дуруст надошт. Барномаи таълимиро аз худ карда наметавонист, зеро майнааш ба чизҳои дигари нодаркору зарарнок, аз ҷумла мазҳабзадагию хурофот банд гардида буд. Дар корҳои ҷамъиятӣ ва чорабиниҳои мактаб ширкат намекард. Аз хурдӣ дар ботини М. Садриддин хислатҳои бахилию тангназарӣ ва нафрату адоват шакл гирифта ривоҷ меёфтанд ва оқибат ӯ ба як нафари ифротию худхоҳ табдил ёфт. Хулоса, ман ва дигар устодони мактаб М.Садриддинро ҳамин гунае ки баён гардид, дар хотир дорем. Солҳои навадум бо таъсири ТТЭ ҲНИ ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ дар кишварамон сар зад ва тавре ки баъдҳо маълум шуд, яке аз гунаҳкорони ба миён омадани чунин вазъият ва бадбахтиҳо маҳз мулло Қаланадар – падари М. Садриддин будааст. Аз ин сабаб хонаводаи онҳо ба Афғонистон фирор карда буд. Замони дар ин кишвар сукунат доштан падари М. Садриддини наврас ҳамчун яке аз раҳбарони ТТЭ ҲНИ бо қумондонҳои гуруҳҳои террористӣ иртибот барқарор мекунад. Яке аз онҳо бо номи қумондон Ғулом ба М. Садриддин таваҷҷуҳ зоҳир мекунад ва уро чанд муддат барои қонеъ кардани нафси шаҳвониаш мавриди истифода қарор медиҳад. Ин ҳодиса сахттарин зарбаи равонӣ ба М. Садриддин буд ва уро дар баробари мазҳабзадаю ифротӣ будан ба як нафари манфиатҷӯ ва ҳувиятбохтае табдил дод. Барои ӯ баъди ин танфурушиҳо дигар ягон муқаддасоту арзише вуҷуд надошту надорад. Вай ба хотири пулу мол дигар аз ягон амали нангину паст худдорӣ намекунад. Ҳамин аст, ки дар Дубай даст ба қаллобию мардумфиребӣ зада, бо роҳи фиреб пули тоҷиронро ба маблағи зиёд аз худ кардааст. Дар Тоҷикистон ба таблиғи ифротгароӣ машғул шуда, бар ивази он аз хоҷагони хориҷиаш пул гирифтааст. Бо истифода аз ин гуна амали зишт, яъне бар ивази пулу мол зидди Ватану миллат фаъолият доштан соҳиби моликияти зиёд гардидааст. Танҳо дар шаҳри Бохтар вай шаш манзили истиқоматиро аз худ кардааст. Аз иттилооти расонаҳои хабарӣ маълум аст, ки М. Садриддин имрӯз дар Фаронса қарор дошта, бар зидди давлату миллат таблиғоти ифротгароёна мебарад, Ҳукуматро туҳмат мекунад ва мардумро гумроҳ карданӣ аст. Пурпустию беномусии ӯ то ҳаддест, ки аз амалҳои ғайриахлоқию зишти худашу падараш дигар шарме ҳам надорад ва боз бо забони дароз даъво дорад, ки гӯё барои озодию адолат мубориза мебурда бошад. Ӯ ба таври тарсуёна ва буздилона дуруғ мебофад ва раҳбарияти кишварро туҳмат мекунад. Вай ҳатто аз мазҳаби аҷдодиаш ҳазар дорад ва онро таҳқир мекунад. Барои М. Садриддин дину мазҳаб як воситаи ба даст овардани манфиати моддӣ асту халос. Ӯ на миллаташро дуст медорад ва на ватанашро як хоинест, ки танҳо манфиати худро мехоҳаду халос. Абдулҳайев Ҳ. – аъзои фаъоли ҲХДТ.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 25-11-2024, 11:11:22 | Диданд: 59