Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8754]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5792]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5170]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4655]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3965]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3959]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3956]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3947]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3656]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ
2. Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
3. ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР
4. Ҷиноятҳои сангин ва амалҳои нангини як ифротӣ
5. Хоини миллат – Муҳиддин Кабирӣ
7. Иқболи хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Омор
- Хабархо: 2417
- Расмхо: 39
- Онлайн: 10
- Хамаги омаданд: 54184
Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад. Тавре ҳамарўза аз расонаҳои хабариву иттилоотии фитнаангезонаи наҳзатӣ, ки бо маблағгузории хоҷагонашон ба хотири тарғибу ташвиқ ва пешгирифтаашон созмон дода шудааст, бармеояд, ки роҳбари ташкилоти экстремистӣ- террористии ҳизби наҳзати ислом – террорист М. Кабирӣ мехоҳад худро дар назди ҷомеаи ҷаҳон ва бахусус хоҷагонаш ҷабрдида унвон дода, аз аёдату дастгирӣ ва кумакҳои беғаразонаашон бархурдор гардад. Кабирӣ бо ин мақсад дар хориҷ аз кишвар мисли беморони руҳӣ девонавор худро ба ину ба он дари хоҷагону ташкилотҳои байналмиллалӣ зада, бо пеш овардани мисолҳои тафриқаандоз ва авомфиребона мехоҳад аз ғамхории онҳо бархурдор бошад. Мардуми тоҷик алалхус ҷавононписарон ва ҷавондухтарон бояд донанд, ки яке аз саркардагони асосии ҷанги шаҳрвандӣ – ҷанги бародаркуш бо роҳбарӣ ва пайравони ҳизби наҳзати исломӣ ва чунин шахсият М.Кабирӣ буд, аммо ин хиёнати худро борҳо ба души дигарон ва дигар ҳизбҳо ҳавола медиҳад аммо мо нағз бояд донем, ки маҳз чунин шахсиятҳо мардумро ба гумроҳи бурда бародарро бар зидди бародари худ душман сохтанд. Дар асоси гуфтаҳои боло хонанда бояд донад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа танҳо дар фазои сулҳу субот ва озодӣ дар ҷомеаи демократӣ инкишоф ёфта метавонанд, пас баҳри ҳифзу пойдории сулҳу субот, озодӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ бояд, ки мунтазам ҳар як шахс дар талош бошад. Бо мақсади осудагӣ ва пешрафти Тоҷикистони азизамон ҳар як шаҳрванди Ватани азизамонро зарур аст, ки танҳо ба Конститутсия, Ҳукумат ва Президенти кишвари азизамон Тоҷикистон такя намуда, баҳри ободии Ватани азизамон талош намоянд. Дар ҷомеаи имрӯза тамоми давлатҳои ҷангзада бахусус давлатҳои мусалмонӣ маҳс фирефтаи чунин шахсиятҳо ба монанди М.Кабирӣ гардида дар натиҷа солҳои тулонист, ки дар онҷо беҳокимиятӣ, қатлу куштор ҳукумфармост. Таърих гувоҳ аст, ки дар баъзе аз давлатҳои ховари миёна ва Африқо сулҳу субот, оромӣ, инкишофи тамоми қишрҳои ҷомеа арзи вуҷуд дошт, аммо мутассифона чунин шахсиятҳо ба монанди М.Кабирӣ манфиатҳои шахсии худро аз манфиатҳои давлату миллат боло ҳисобида мардумро ба гумроҳӣ бурда, дар натиҷа парокандагӣ, ҷангу хунрезиҳо дар ин давлатҳо то ҳол идома доранд, ки барои барқарор кардани сулҳу субот дар ин мамлакатҳо боз даҳсолаҳо лозим аст. Шаҳрвандони Тоҷикистонро дар худ танҳо як чиз метавон иттифоқу ягона созад, садоқату вафодорӣ ба Ватан. Аъзои фаъоли ҲХДТ аз н. Восеъ Сафархони М.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-12-2024, 10:15:28 | Диданд: 9