МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ

МУҲИДДИН КАБИРӢ -  ХОИНИ МИЛЛАТ

МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ Муҳиддин Кабирӣ таи чанд соласт, ки мардуми шарифи Точикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад ва нуфузи Тоҷиконро бо суханҳои дуруғу бе мазмунаш дар тамоми дунё паст задан мехоҳад. Чунин касе, ки Ватану миллати худро мефурӯшад ва чунин хиёнаткорро на Ватан на ҷомеа намебахшад. Аслан ин хоинию дасисабозии иншахс мекунад, ки нисбати халқи мо мекунад ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ нахоҳад расид. Ин палиди нокас аз Ватане, ки ӯро бавоя расониду нону намаки ин кишварро хурда аз Ватан берун шуда дар Аврупо, ки зиндагии муҳоҷирона дорад ва аз онҷо истода нисбати кишвари мо носипосӣ мекунанд. Бояд зикр кард, ки ҳарсол шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба дигар давлатҳо сафар мекунанд. Ва наҳзатиҳо инро яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кардаанд. Аз таҳлилҳо дидан мумкин аст, ки ба сафи ташкилотҳои ифротӣ ҷавононе пайрави мекунанд, на танҳо аз илму фарҳанги дунявӣ балки аз донишҳои динӣ низ тасаввуроте надоранд. Ин душмани дини мубини ислом аз этиқоду динии мардум истифода бурда тавассути ҲНИ мехоҳад дар кишвар вазъи нооромсохта ба нияти нопоки худ расасад. Мо боварии комил дорем, ки ин хоини миллат бо мақсади нопокаш нахоҳадрасид. Ва мо имрӯз бояд ифтихор кунем, чунин сарвари кордон дорем. Маҳз бо шарофати дастгирии Пешвои миллат ва бо шарофати Истиқлолият, Тоҷикистон тавонист, ки дар арсаи байналмилалӣ обурӯ ва нуфузи баланд пайдо намуда, аз Созмони Миллали Мутаҳҳид сар карда узви муҳимтарин созмонҳои байналмилалии дунё гардад. Сармутахасиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Восеъ Шералиева Г.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-12-2024, 10:18:55 | Диданд: 10