Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8938]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5941]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5365]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4778]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4104]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4097]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4084]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4082]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3760]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2420
- Расмхо: 39
- Онлайн: 8
- Хамаги омаданд: 57168
МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН. ХОИНИ МИЛЛАТ
МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН. ХОИНИ МИЛЛАТ Имрӯзҳо симои аслии Муҳаммадиқболи Садриддин маълум ва мардуми Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд. Нақшаҳои баде, ки Муҳаммадиқбол кашида буд ӯро шармандаю русиёҳ намуда истодааст. Ҳар рӯз дар арсаи олам ҳодисаҳое ба вуқӯъ мепайвандад, ки нисбат ба онҳо бепарвову бетараф будан ҳаргиз раво нест. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Имрӯз, ки Муҳаммадиқбол ва ҳамаслакони каждумсирати ӯ паймонҳо таъсис медиҳанду онро дар сомонаҳои интернетӣ паҳн мекунанд, андешаи онро надораннд, ки бо ин усул нафрати милионҳо одамони сайёраро бар муқобили худ бармехезонанд. Тамоми мардуми шарифи Тоҷикстони азизамонро зарур аст, ки дар замони муосир, ки тамоми шабакаҳои иҷтимои дилхоҳ маълумотҳои бардуруғро бар гуши мардум мерасонанд, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода сулҳу суботи Ватани азизамонро волотар аз ҳама шуморанд. Зеро, ки хиёнаткорон ба ҳар роҳу усулҳои бардурӯғ мехоҳанд, ки мардумро бар зидди Ватани худ равона созанд. Шахсе, ки дар фикри Ватан модар ва мардуми худ аст, аз наздик омада фикру ақидаҳояшро пешниҳод карда, хизматгори мардуми худ мешавад ва дар ҳама пастию баланди тоқат карда, барои пешрафт ва ободони Ватан модар меҳнат мекунад, на они ки аз дур истода санги маломат мезанад. Вале бар нафаре, ки мардуми муқаддаси Ватан барояш бегона аст куҷо ҳарф аз Ватандустию ватанпарастӣ сухан гӯяд. Чуноне, ки онҳо аз табақаи мардумони курдиланд ҷуз кинаву бадбибӣ, нафрат, сиёҳиву харобӣ дар қалбашон ба худ касб гирифтааст. Имрӯз садҳо шукр, ки тамоми шароит дар тамоми соҳаҳо барои шаҳрвандон муҳайё аст. Аз ҳамин лиҳоз мо имрӯз аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон розӣ ҳастем ва дар ҳама ҳолат онро дастгирӣ хоҳем кард. Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷавонон» дар ноҳияи Восеъ Шодибеги И.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 23-01-2025, 14:36:39 | Диданд: 22