ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9063]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6023]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5663]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4890]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4197]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4191]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4168]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4162]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3834]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ.
2. ХИЁНАТУ ХИЁНАТКОРӢ БАХШИДА НАМЕШАВАД!
3. АЗ ХОИНОНУ ПАЙРАВОНАШ ҲАЗОРОН БОР ҲАЗАР!
4. МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН. ХОИНИ МИЛЛАТ
6. Э Ъ Л О Н
7. МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ
8. Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Омор
- Хабархо: 2423
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 59218
АЗ ХОИНОНУ ПАЙРАВОНАШ ҲАЗОРОН БОР ҲАЗАР!

АЗ ХОИНОНУ ПАЙРАВОНАШ ҲАЗОРОН БОР ҲАЗАР! Мусаллам аст, ки таъсиси ҳар як анҷуману ташкилот аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ мақсаду ҳадафи муайяне дорад. Ба иттилои расмӣ таъсиси шабакаи “Ислоҳ- нет” ва барномаи пур аз ғаразу бепояи “Минбари муҳоҷир”, ки дар фазои сиёсии маҷозӣ домон паҳн намудааст, ба хотири дарёфти қутти лоямуд ё як луқма нони беминнат ва ронда нашудан аз долонҳои як қисм давлатҳои аврупоӣ аз тарафи Муҳаммадиқболи хоин таъсис ёфтааст. Ин ҳақиқатро метавон аз баромадҳои бемаънию сафсатагуиҳои роҳбари ин анҷуман Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дақиқан эҳсос кард. Зеро суҳбатҳои «сиёсӣ»-и Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин ба ҷузъ аз таърифу тавсифи паймони ғайримиллӣ, ки имрӯз кулли мухолифони давлат ва миллатро зери як чатр ҷамъ кардааст, чизи дигаре нест. Кас ҳайрон мемонад, ки агар рисолати як анҷуман ва таъсиси барномаи“Минбаримуҳоҷир” ки фаъолияту мақсадаш ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирин ва бояд бархурдагӣ ба мушкилоти онҳо бошад бозтоб мегирад ба тарафи санги маломат задану бадбинӣ нисбати миллату давлат ва ҳамватанони худ. Иқболи хоин дар барномаҳои бемантиқаш имиҷи паймони ғайримиллии Тоҷикистонро ончунон «васф» менамояд, ки гӯё фаъолиятҳои сиёсии онҳо тамоми сайёраро такон дода, мушкилоти ҷиддиеро ҳал карда бошад. Дар асл воқеият тамоман чизи дигар аст. Ба ном Паймони миллии Тоҷикистонро танҳо дар долонҳои якчанд давлати аврупоӣ мешиносанду халос. Иқболи хоин аз танг будани фаъолиятҳои сиёсии «озодагон» шиква намуда, дигар сиёсатгароёну мардуме, ки имрӯз аз солҳои соҳибистиқлолӣ хушбинанд ва барои боз ҳам пешрафтатар шудани Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ пайи кору пайкоранд, хизмати онҳоро нодида мегирад. Барои ба ҳадаф расидан тамоми муваффақаияту пешрафти як давлатро ба таври хостаашон баҳогузорӣ менамояд ва маълум аст, ки онҳо дар фикри ободии Ватан нестанд, баръакс пароканда намудану ноором сохтани сулҳу осоиштагии мардуми тоҷик аст. Онҳо ба ҷуз аз лофи беҳуда задан ҳеҷ кореро иҷро карда наметавонанд. Он бадхоҳон бояд донанд, ки мардуми тоҷик ҳушёру зийрак буда, ҳеҷ гоҳ ба доми он хоинон намеафтанд, бараъак муттаҳиду сарҷамъ шуда, баҳри осудагиву шукуфоии Ватани азизамон сидқан талош менамоянд. Сафархони М.- кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Всоеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 25-02-2025, 09:55:18 | Диданд: 35