ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9063]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6023]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5663]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4890]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4197]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4191]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4168]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4162]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3834]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ.
2. ХИЁНАТУ ХИЁНАТКОРӢ БАХШИДА НАМЕШАВАД!
3. АЗ ХОИНОНУ ПАЙРАВОНАШ ҲАЗОРОН БОР ҲАЗАР!
4. МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН. ХОИНИ МИЛЛАТ
6. Э Ъ Л О Н
7. МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ
8. Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Омор
- Хабархо: 2423
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 59220
ХИЁНАТУ ХИЁНАТКОРӢ БАХШИДА НАМЕШАВАД!

ХИЁНАТУ ХИЁНАТКОРӢ БАХШИДА НАМЕШАВАД! Нияту мақсади нопоки ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом ва роҳбари бадбахташ Муҳиддин Кабирӣ рӯз то рӯз назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ошкор гардида истодааст. Имрӯз, ки фаъолияти ин ҳизби террористӣ пас аз кӯшиши нокоми табаддулоти давлатӣ дар соли 2015 дар кишвар боздошта шуд, роҳбарону ҳаводорони фирории он бо ҳар роҳе мехоҳанд, ки дар сиёсати дохилию хориҷии мамлакати мо таъсиргузор бошанд. Онҳо бо ниқоби «ҳомии сулҳу миллатпарвар» ва «озодии виҷдону ҳуқуқи инсон» ба майдон омада, бо ниятҳои ғашу мардумфиребонаашон мақсади баргаштан ба арсаи сиёсати Тоҷикистонро доранд. Аз ин ҷост, ки Кабирӣ ва ҳампаймонҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, азҷумла «Ютуб» ва «Фейсбук» баромад намуда, пайваста сари мавзӯъҳое даъво бармедоранд, ки ҷомеаи Тоҷикистон бо шарофати бадандешӣ, ноҳақӣ ва фаъолияти зиддиинсонии худи онҳо мушкилӣ дорад. Ин гурӯҳи асолатбохтаву фурӯхташуда беасос Ҳукумати Тоҷикистон ва бархе аз шаҳрвандони ватандӯсташро гунаҳкор эълон медоранд. Нисбати масъалаҳое даъво мебардоранд, ки бинандаву хонандаи закиву ҳушёрро ҳам хандаву ҳам ба ғазаб меорад. Зеро амалҳои террористии ин гурӯҳ, ки боиси аз байн бурданиҷони 150 ҳазор сокини осоиштаи Тоҷикистон гардид, бузургтарин хиёнатест назди халқу Ватан ва гуноҳест нобахшиданӣ. Аз ҳодисаҳои талхи сари миллат бо шарофати фаъолияти ғайриинсонии наҳзатӣ таҳмилшуда солҳо сипарӣ мешаванд, вале захми ин ҳама озор ва ранҷу дардҳои миллат, модарони фарзандгумкардаву фарзандони волидайн гумкарда ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо фаромӯш намешаванд. Роҳбарони асолатбохтаи наҳзатӣ дар хориҷа паноҳбурда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз худ қаҳрамонтарошӣ мекунанд ва фикр мекунанд, ки мардуми Тоҷикистон онҳоро фаромӯш сохтааст. Хиёнату хиёнаткорӣ ҳеҷ гоҳ бахшида намешавад. Хулоса, мо сокинон бар он боварем, ки шаҳрвандони комилҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз пайомадҳои хатарҳои ҷаҳони муосир ба пуррагӣ огоҳанду фирефтаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ба монанди ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом ва дигар созмонҳои зиддиинсонию ҳуқуқи башарӣ нахоҳанд гашт. Ва ҳамеша дар пайи ободиву шукуфоӣ, пешрафту тараққиёти кишвари азизамон Тоҷикистон саъю талош намуда, дар пойдориии сулҳу осоиштагии кишвари азизамон саҳми муносиб хоҳанд гузошт. Мутахасиси шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Воесъ Тоиров Х.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 25-02-2025, 09:55:50 | Диданд: 41