МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ.

ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ.

ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ. Терроризм зуҳуроти номатлубе, ки ба орзуву ниятҳои одаму олам таҳдид мекунад, рӯ ба рӯ омадааст ва ин падида терроризм мебошад. Вожаи «терроризм» (аз калимаи лотинии «terror») гирифта шуда, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Калимаҳои «экстремизм» аз забони франсузии «extremizme» ва лотинии «extremuz» гирифта шуда, маъноҳояшон ифротгароӣ, тундравӣ; фикру андеша ва амалҳои тундравона; аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Террористон бо роҳи зўроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм ба ҷомеаи муайян таъсир расонида, мақсаду мароми худро амалӣ сохтанӣ мешаванд, яъне террор кардан, ин мардуми як маҳал ва ё як минтақаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ андохтан аст. Имрузҳо назар мекунем, ки дар шабакаҳои иҷтимои хоинони ин давлат аз дури истода иғвоангези мекунанд. Фикрҳои онҳо албатта хом ҳам бошад, аммо ба мафкураи баъзан нафароне, ки вазъияти кунунии кишвари моро намедонанд, таъсиргузор мебошад. Баъзан ҷавонон дар хориҷи кишвар ҳастанд, ки саводи кофи надорад ба доми ин гуна гуруҳо меафтанд. Маълум аст, ки яке аз ҷанбаҳои ҳавасмандсозӣ ба ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ин ваъдаи пулу сарват ва тафреҳу саргармист. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода бар зиди ин гурӯҳои ифроти мубориза баранд. Имруз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср дар ҳамаи кишварҳо паҳн шудааст ва ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. читавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст” ва набояд фирефтаи он гашт. Мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Иботов Д.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 25-02-2025, 09:56:37 | Диданд: 52