МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

СУЛҲУ АМНИЯТ ПОЯНДА БОД!

СУЛҲУ  АМНИЯТ  ПОЯНДА БОД!

СУЛҲУ АМНИЯТ ПОЯНДА БОД! Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон созишномаро дар бораи марзи давлатии дукишвар имзо карданд. Дустиву рафоқат байни давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон то абад побарҷо хоҳад монд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди оқилу доно, дурандешу сулҳҷӯ, донишманду инсони самимӣ буда, тамоми мардуми сайёраро бо суханҳои пандомези худ роҳнамоӣ намуда ҳар як амали созандагиву бунёдкориро пешаи кори доимии хеш қарор дода онро амалӣ месозад. Бо фароҳам овардани шароити созгору мусоид тавонист дӯстии ду давлати ҳамҷаворро боҳам пайвандад ва умед низ ҳаст, ки то абад побарҷо хоҳадмонд. Ҳарлаҳзае сухан атрофии сулҳу суббот меравад пеши рӯйи мо амалҳои ҷавонмардонаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сулҳу ваҳдати миллӣ меояд. Зеро сулҳусубот, мафҳумест бузургу пуробуранг, ифодакунандаи амният, озодӣ, осоиштагӣ, истиқлолият ва нишонаи ободию зиндагии ороми давлату миллат. Ба ҳамагон маълумаст, ки тоҷикон аз қадим ин ҷониб меҳмонавозу меҳандӯст маҳсубёфта боре ба хоки сарзамине баҳри ҷангу ҷидол ҳамла накрдаан. Аз ин рӯ дар тамоми мамолики кишварҳо ҳамчун давлати осоишта шинохта шудааст. Бофароҳам овардани шароити созгору мусоид мо тоҷикон метавонем робитаҳои ҳамаҷонибаро бо давлатҳои хориҷа мустаҳкам намоем. Сулҳу суббот пойдор мудом бимонад ҳамватанони азиз . Мудири шуъбаи маорифи МИҲД-и ноҳияи Восеъ Орифзода М.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 14-03-2025, 08:39:19 | Диданд: 59