ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10339]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6309]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6087]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5178]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4514]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4471]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4465]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4464]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4088]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. Терроризм ва экстремизм вабои аср дар ҷаҳони муосир
2. Мо миллати побарҷоем, Кабири бадбахт ту ба мақсади нопоки худ намерасӣ!
3. Хаёлҳои хоми Муҳаммадиқболи буздил.
5. МО-ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ
6. ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА ҶОМЕА
8. ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ.
Омор
- Хабархо: 2430
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 70847
Мо миллати побарҷоем, Кабири бадбахт ту ба мақсади нопоки худ намерасӣ!

Мо миллати побарҷоем, Кабири бадбахт ту ба мақсади нопоки худ намерасӣ! Дар ҳар давру замон давлат сохтану соҳиби давлат шудан ба ҳар миллат муясар намегардад. Ҳазорон бор шукр, ки мо миллати тамаддун офари тоҷик бо талошу заҳматҳои қаҳарамонони Ватан ба хусус Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 34-сол мешавад соҳиби давлати маустаҳқили худ ҳастем. Рӯз то рӯз Ватани азизамон гулгулшукуфон гардида истодааст. Аз натиҷаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар аъло эҳсос мешавад, ки имрӯзҳо кам нестанд ҷавононе, ки омодаанд баро исоиштагии Ватан хизмат кунанд. Вале сад афсус, ки дар баробари ин ҳастанд нафароне, ки ободию озодии ин Ватанро намехоҳанд. Дар шумори ин бадбахтон мисол овардани Кабирии курнамак айни мудаост. Ин бадбахти лаъин аз мулки бегона ба суи ин миллати сарафроз санги маломат мезананд. Кабирии хоин роҳбари (Паймони миллӣ) паймони бепаймон дар хориҷи кишвар буда, ҷавонони моро ба доми фиреби худ афканда ба ояндаи ҷавонони мо доғ меорад. Ин курнамаки аблаҳ вазифааш бешарафию иғво ангехтан дар сарзамини биҳиштосои мо мебошад. Ба ин расво ҳушдор менамоям, ки ту ва ҳамаслакони хоинат ҳеҷвақт ба мақсади ғаразонаи худ намерасед. Мо ҷавонони баландиқболи даврони соҳибистиқлолии Ватан қотеъона амалҳои пучи Шумо хоинони Ватанро маҳкум менамоем. Ҷавонони саодатманди диёр ва ҷавононе, ки имрӯз дар ғарибӣ ҳастед ба Шумо мерасонам, ки ҳеҷ вақт додаи фиреби ин аблаҳон аз ҷумла Кабирии беватан нашавед. Мақсади ин хоинон танҳо Шуморо ба доми фиреби худ андохтану бар зиди падару модар ва хоҳару бародар хамчун фишанг истифода кардан аст. Ҷавони азиз ҳеҷвақт ҳушёрии зиракии сиёсии худро аз даст надиҳед. Зеро ояндаи Шумо ва ояндаи Тоҷикистони азиз дурахшон аст, коре накунед ба ояндаи худ доғ биёред. Кабирии хоин аз номатро гирифтан нафратам меояд дон мо миллати побарҷоем, ҳеҷ вақт шумо ва шумо барин нафароне, ки дар Ватани мо иғво ангехтан мехоҳанд ба мақсади нопоки худ намерасанд. Шодибеки Идибек-директори МД «Маркази ҷавонон» дар ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-09-2025, 15:23:28 | Диданд: 12