ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10403]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6323]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6120]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5213]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4535]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4489]
8. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4486]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4483]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4104]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир
2. АҲАМИЯТИ ЗАБОН ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ НАСЛИ НАВРАС !
3. Баъзе аз занак сифатон худро мард мегуянд! Аз ҷумла Гурӯҳи 24
4. Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бояд ба вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.
5. Терроризм ва экстремизм вабои аср дар ҷаҳони муосир
6. Мо миллати побарҷоем, Кабири бадбахт ту ба мақсади нопоки худ намерасӣ!
7. Хаёлҳои хоми Муҳаммадиқболи буздил.
Омор
- Хабархо: 2434
- Расмхо: 39
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 72105
Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бояд ба вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.

Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бояд ба вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад. Вокуниш: Натиҷаи омӯзиш ва таҳлили сарчашмаҳои боэътимод аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар шароити кунунӣ терроризм ва экстремизм, хусусан дар тобиши динӣ ва сиёсии худ, имрӯз хусусияти трансмиллиро касб намудааст. Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ аз арзишҳои умумиинсонии ислом ноогоҳ будани мардумро ҳамчун заминаи мусоид истифода карда, ҳар гуна таблиғоти ифротӣ ва экстремизму радикализми диниро ба роҳ монда, кӯшиш мекунанд, ки ҷомеа ғояҳои ба дину фарҳанги миллӣ бегонаи онҳоро ҳамчун ҳақиқати том қабул намояд. Имрӯз зарурият пеш омадааст, ки дар мубориза алайҳи ин зуҳуротҳои хатарнок, ки ба соҳибихтиёриву истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва амнияти ҷомеаи башар дар умум таҳдид мекунанд, дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, тамоми қувваҳои солими ҷомеа, ҳар як шахси бонангу номус, ватандӯсту соҳибмаърифат мубориза баранд. Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бояд ба вазифаи муқаддас ва иҷрои қарзи инсониву шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ мегардад. Бинобар ин мо – шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем. Ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан мо ҷавононро, мебояд ба ин афкори манфур фирефта нашавем, дар ҷустуҷӯи омӯзиш ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии худ бошем, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистон саҳмгузор бошем. Сафархони М.-аъзои фаъоли ҲХДТ аз н. Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 01-10-2025, 16:58:50 | Диданд: 20