ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10550]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6432]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6255]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5265]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4683]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4574]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4552]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4537]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4162]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. ВОКУНИШ
3. ТЕРРОРИРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ БАРЗУРГИ АСР, ОМИЛИ НОАМНИЮ НОСУБОТИСТ
7. Муҳаммадиқболи Садриддин- хоини милат
9. ХОИНОН БА ТАРАҚҚИЁТУ ПЕШРАВИИ ТОҶИКИСТОН ҲАСАД МЕХУРАНД.
10. Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир
Омор
- Хабархо: 2443
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 78396
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
30 ноябри соли 2025, тахминан соати 18:45 дақиқаи вақти маҳаллӣ аъзои гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ аз ҳудуди деҳаи Рузваяки вулусволии Моҳи Майи вилояти Бадахшони Афғонистон ба кормандони ширкати роҳсозии «China Road and Bridge Corporation» дар деҳаи Шодаки ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар натиҷа ду шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳалокат расида, 2 шаҳрванди кишвари мазкур ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Айнан чунин амали террористӣ рӯзи 26 ноябри соли ҷорӣ 2025 аз ҳудуди вулусволии Шаҳри Бузурги вилояти Бадахшони Афғонистон ба қаламрави ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта буд, ки дар натиҷаи он 3 корманди ширкати «Шоҳин-СМ» аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳалокат расида, як нафар захмӣ гардид.
Бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Афғонистон амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткор барои халалдор намудани вазъият дар сарҳади давлатӣ ба қайд гирифта шуданд.
Ҷониби Тоҷикистон бо изҳори нигаронии амиқ ин амалҳои мудҳиши гурӯҳҳои ҷиноятиро қотеъона маҳкум намуда, аз мақомоти феълии Афғонистон барои андешидани тадбирҳои муассири саривақтӣ ҷиҳати таъмини амну субот дар хатти сарҳади давлатии ду кишвар ва дастгир намудани афроди ба ин амалҳои мудҳиш дастдошта, даъват ба амал меорад.
Ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими сарҳади давлатӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандони кишвар ва хориҷӣ чораҳои иловагӣ меандешад.
Айни замон вазъият дар сарҳади давлатӣ ором ва таҳти назорати мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Таҳқиқи ҳодисаҳои мазкур аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар идома дорад.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-12-2025, 11:25:57 | Диданд: 4