МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

МАРДЕ ШОИСТА ВА ЗИЁИЕ ИСТИСНОӢ, Ё ДОСТОНИ ҒАМУ ШОДӢ

МАРДЕ ШОИСТА ВА ЗИЁИЕ ИСТИСНОӢ, Ё ДОСТОНИ ҒАМУ ШОДӢ

Солҳои навадум барои муҳтаво ва мундариҷаи тафаккури миллии тоҷикон имтиҳони бузург буд.
Вазъи буҳронии саросарии давлат, ки дар он як миллат аксариятро ташкил медиҳад, мавзуи таҳқиқоти академӣ аст. Ба хотири муайян кардани омилҳо, оқибатҳои фоҷиабарангез ва эҳтимоли минбаъд бартараф кардани он.
Дар ин маврид бояд дар назар дошт, ки ҳолати носолими вазъи ҷаҳонбинӣ, маънавиёти миллат касалии силро мемонад: дар аввал ошкор кардани он душвор, аммо чун муайян шуд, табобаташ осон аст. Вақте ин касалӣ рӯй зад, ошкор шуданаш осон, аммо табобати он мушкил мегардад. Гоҳо оқибати кор ба мусибат анҷом меёбад.
Муддати ҳазор соли бедавлатӣ, тоҷикон дар ҳолати ғуломигарии воқеӣ ва маънавӣ қарор доштанд.
Дар ҳафтод соли Ҳокимияти Шуравӣ, номи тоҷик тавассути ҷумҳурии мустақил доштан бо аломатҳои сиёсӣ маъруфият пайдо карда бошад ҳам, ба хотири кӯтоҳии замонӣ имкони ташаккули мафкураи миллиро надошт. Қишри муайяни дорои эҳсоси худшиносии миллӣ дар ақаллият буд.
Бояд донист, ки сохтор ва муҳтавои генетикии одамизод дар аксар вақт, ҳатто садсолаҳо бетағйир мемонад. Эволютсияи ҳақиқии захираи муҳтавоии нейронҳо, устувортарин ҷузъи организми инсонанд. Гарчанде аккамулятсияи дониш ва таҷриба асрҳо ба ин ҷузъиёти майнаи инсон таъсиргузоранд, бояд дониста бошем, ки доираи фарогирии онон вобаста ба муҳити маънавӣ, дин, оин, иқлим, хосияти физиологӣ, дар маҷмуъ, генетикӣ, фазилати ҳамагонӣ надорад. Интихобӣ аст. Ва барои ҳамин дар ақаллият қарор дорад.
Дар ин маврид, сухан дар бораи сифат, мундариҷа, ахиран, муҳтавои ақаллият меравад. Оё он метавонад аксариятро, яъне ҷомеаро соҳибӣ кунад. Ё баръакс, мисли баъзе ба ном зиёиёни муайяни тоҷики солҳои навадум думрави таассубу хурофот гардад.
Ин фоҷиа, «сӯзи дил, ашки равон, оҳи саҳар, нолаи шаб»-ро (Ҳофиз) буҳрони солҳои навадуми асри гузашта рӯйи саҳна баровард. Ворисони Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ Сино, Носири Хусрав, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Тошхӯҷаи Асирӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва Бобоҷон Ғафуров дар танҳоӣ монданд. Аз дасти онҳо кори шоиста наомад. Қисмати муайяни олимон, ки солҳо дар бағал санг доштанд, бо аҳли хурофот якҷо, аниқтараш думрав ва балегӯйи онон гаштанд.
Дар байни ин тоифа шахсиятҳои гуногун буданд. Яке сидқан, бо душманигарии яқин ба сохти Ҳокимияти Шуроҳо ба муллоҳои мутаассиб якҷо шуд. Дигарҳо дар ақидаи ниҳоии мансабталошӣ муътақид буданд, ки ифротиҳо бо идеологияи дар назар ҳамашумул ва пуштибонии геополитикӣ метавонанд қудратро ба даст оранд. Бад ин минвол, соҳибмансаб мегарданд. Узви қудрати сиёсӣ хоҳанд шуд. Як қисмати равшанигароён олимони ҳақиқӣ, аммо аз лиҳози сиёсӣ ниҳоят сода ва барои ҳамин ҳам осебпазир буданд.
Онҳо дар андак муддат, чун дуди хона ба порисаи хона расид, хатои худро фаҳмиданд. Пушаймон шуданд. Аммо аз рӯйи нангу номусе, ки хосси ин зумра буд, натавонистанд ваҳшати раҳгумии худро эълом доранд. Ба зиндагии одӣ ва оини пешин баргарданд. Дар ҳоле ки «тозиёни бо онҳо бударо дигар ғами аҳволи гаронборон намонда буд».
Яке аз ҳамин қабил олимон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Раҳими Мусулмониён ба шумор мерафт.
Ман ба тадқиқоти ин олими пухтакор аввали солҳои ҳафтодум, ҳангоми донишҷӯйӣ шинос будам.
Махсусан, монографияи ӯ оид ба санъатҳои бадеӣ дар адабиёти классикӣ ва асари машҳураш «Атоулло Маҳмуди Ҳусайнӣ ва баъзе масъалаҳои тафсири истилоҳоти адабиётшиносӣ дар асрҳои X–XV» (1973), дар байни мо, донишҷӯён аз маъруфияти хос бархӯрдор буд.
Миёнаи солҳои ҳаштодум, замоне ки ман сарпарастии мактабҳои олии мамлакатро аз лиҳози салоҳияти хизматӣ ба дӯш доштам, бо меҳру муҳаббате, ки ба Раҳими Мусулмониён дар дил мепарваридам, ӯро суроғ кардам. Дар кафедраи адабиёти советии тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон эшонро ёфтам.
Худро шиносондам.
Эътиқод ва эҳтироми хешро нисбат ба ин шахсияти бузург иброз намудам.
Баъдан, чанд муддат бо Раҳими Мусулмониён суҳбатҳои сарироҳӣ, аммо сидқӣ доштем.
Ӯ марди тахмин 50 - 55 сола, миёнақад, лоғарандом буд. Каме моил ба хамидагии қомат дошт. Ниҳоят хоксор, одӣ, суҳбаторо ва он чизе, ки эҳсос мекардам, аз худ як навъ содагии бар дилсофӣ ва покии инсонӣ асосёфта нишон медод, ки дар замири ӯ ҷойгоҳи зудбовариро заминагузорӣ намуда буд.
Профессор намегуфт, аммо ман итминон доштам, ки мисли ҳама инсонҳои пок ӯ дигаронро низ бофта аз матои худ гумон мекард. Иштибоҳи ӯро ҳам асос ҳамин буд.
Мусулмониёни сарсупурдаи илм ва адабиёт, ҳама вақт дар банди хаёлот ва таҳқиқоти эҷоди илмӣ мегашт. Чунин хислати олимона, бекина ва беғарази ӯ меҳру муҳаббати маро нисбат ба ин шахсият ва устоди камназир меафзуд. Бо ӯ суҳбат кардан, маънии хондани як китобро дошт.
Ҳангоми табаддулоти давлатии ифротгароҳо (моҳи майи соли 1992), Мусулмониён зери таъсири бархе аз зиёиёни воқеан дурӯя ва ғаразкор, ки боз чандин навъ бозиҳои пасипардагӣ доштанд, бо як содадилӣ гирифтори фитнаи онҳо шуд.
Боре баромади ӯро тариқи телевизон, ки акнун ба дасти ифротгароҳо афтода буд, тамошо ва бодиққат гӯш кардам. Медидам, ки чанде «ҳамкасбон»-и зираки муаллим худро паси шонаҳои ин содадил пинҳон карда, устоди номварро ба сифати «Плешнер» (образи бадеии содадилонаи профессори олмонӣ дар филми «Ҳафтдаҳ лаҳзаи баҳор», ки боиси марги худи ӯ шуда буд) истифода мекунанд.
Чун таҳти фишори Ҷабҳаи халқӣ ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор мегардид, ифротиёни ғосиб бо ҳар роҳу восита аз қаламрави Тоҷикистон ба хориҷа, аниқтараш ба Эрон фирор карданд.
Исломгароҳо аз асли мақсади гурехтан ба Эрон хуб огоҳ буданд.
Зиёиёни тоҷик, аз рӯйи эҳсоси эроният – таърих ва фарҳанги муштарак, умумияти забонӣ ва тамаддунӣ, ки намунаи олии он барои мардуми форсизабон аҳаммияти умуминажодӣ доштани Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигар бузургон маҳсуб мегардид, умед баста буданд ва ин кишварро қиблаи худ мешумориданд.
Маҳз бо ҳамин ҳиссиёт як зумра аз зиёиён роҳи Эронро пеш гирифтанд.
Раҳими Мусулмониён аз ҷумлаи ҳамин гумроҳҳо буд.


ГАВҲАРИ ВОЛОИ ВАТАНПАРВАРӢ
Тавре ишора шуд, мақсади аслии Сафорат дар Эрон ҳарчӣ тезтар алоқа барқарор кардан бо ҳамватанон ба шумор мерафт.
Роҳбарияти олии мамлакат дар назди дипломатҳо вазифагузорӣ карда, мехост ҷараёни сулҳро суръат бахшад. Эълон намояд, ки ҳокимияти конститутсионӣ ҳокимияти кулли мардуми тоҷик аст. Аз ҳамватаноне, ки новобаста аз кадом сабабе, аз ҷумла, дар алоқамандӣ бо ҷанги шаҳрвандӣ ба хориҷи мамлакат фирор кардаанд, пуштибонӣ мекунад. Омода аст бо онҳо муколама барқарор намояд, то мушкил миёни тоҷикон бо гуфтушунид ва якдигарфаҳмӣ ҳаллу фасл гардад.
Мо дар Теҳрон вазъиятро меомӯхтем. Аммо намехостем барои мухолифин ва кишвари иқомат масъала эҷод кунем. Бар ин ақида будем, ки бояд худи раванди воқеаҳо ва шароити зиндагӣ дар хориҷи мамлакат ҳамватанони моро ба хулосаи нек, ба тавофуқ биёрад.
Дари Сафорат барои ҳамватанон боз буд. Амалкарди намояндагӣ дар кулли самтҳо сурат мегирифт.
Бо гузашти се моҳи фаъолият дар Сафорат, профессор Раҳими Мусулмониён, ки акнун дар сафи мухолифин ба ҳисоб мерафт, ногоҳ ба навбатдори намояндагӣ занг зада, хоҳиши вохӯрӣ бо мушовирро кардааст.
Аз ин иттилоъ ман хурсанд шудам. Эҳсоси дӯстӣ ва ҳамватанӣ барои ҳар як нафаре, ки худро тоҷик ва тоҷикистонӣ мешуморад, аз Ватани худ умед дорад, волотарин ҳиссиётест, ки як умр инсонро пайгирӣ мекунад. Барои он ки одам хушбахт бошад, сарфи назар дар кадом нуқтаи олам зиндагӣ мекунад, бояд соҳибватании худро эҳтиром ва аз ин ҳиссиёт ифтихор намояд:
Ватан дар ҳар куҷо омад, ба сар форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯйи уқёнус бишнидам садои ту,
Агарчӣ дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.

Ҳамеша бо Ватан будан, ҳамеша бо Ватан масрур, бузургтарин хислати ниёгону ҳамасрони мо буд ва ҳаст.
Тавассути телефон бо Р. Мусулмониён дар алоқа шудам. Ҷойи вохӯрӣ Сафоратро пешниҳод кардам.
Ростӣ, таклифи ман эҳтимолӣ буд. Нафароне, ки худро мухолифи ҳукумат медонистанд, аз Сафорат ва тамос бо кормандони он канора меҷустанд. Албатта, сабабҳояш маълум. Аммо Мусулмониён:
– Ҳар ҷо Шумо салоҳ донед, он ҷо вомехӯрем, – гуфт ҷавонмардона.
Суҳбати мо дар Сафорат, дар ҳуҷраи кории ман қариб ду соат давом кард.
Дар аввал ман пурсидам:
– Домулло, дар Сафорат вохӯрданро ман бо шӯхӣ пешниҳод кардам. Шумо наметарсед, рафиқонатон, ки ҳамагӣ мухолифи ҳукумат ҳастанд, баъд аз ин чӣ гумон мебаранд? Ҳукумати кишвари иқомат, ки ҳар қадами ману Шуморо, тибқи вазифаашон, пайгирӣ мекунанд, чӣ хулоса мебароранд? Ҳолу аҳвол ва иқомати ояндаи Шумо баъд аз ин чӣ мешавад?
Мусулмониён:
– «Ҳар киро ҳисоб пок аст, аз муҳосиба чӣ бок аст?» – гуфта, бо масал посух дод.
– Ба ҳар ҳол муаллим, ба манзалати «мухолиф» будани худатон шубҳа ворид кардед. Шояд дар ягон ҷойи номаълум вохӯрӣ мекардем, – гуфтам ман, санҷиши худро идома дода.
Воқеан, ман набояд фаромӯш мекардам, ки ин «ташриф» эҳтимол супоришӣ ҳам бошад.
Ин сухан ба Мусулмониён қатъиян хуш наомад.
Аз зермаънои сухани ман огоҳ шуд. Барошуфт:
– Шумо маро санҷида истодаед. Бояд бидонед, ки ман маҳз барои он ҷойи вохӯрӣ Сафоратро интихоб кардам, то ба шумо кормандони намояндагӣ фаҳмонам: ман ҳеҷ вақт хоини миллат набудам ва нестам. Лекин дар байни шумо ҳукуматиҳо, ки бовар мекунанд, мансаб медиҳанд, маоши калон таъйин ва ҳатто ба хориҷа равон мекунанд, то давлатро, манфиатҳои миллиро ҳимоя кунед, хоинон кам нестанд.
Инро гуфта, ба ман нигоҳи ҷиддии омӯзишӣ кард.
Ман чизе нагуфтам. Зеро ҳангоми кор дар шуъбаи илми Кумитаи давлатии бехатарии замони Шуравӣ, бо чанде аз дӯстон, устодони донишгоҳ ба ҳамин лаҳн гоҳо суҳбати «унвонҷӯ – оппонент»-ро мегузаронидем. Оқибат, якдигарфаҳмии мо боз ҳам мустаҳкам мешуд. Ҳамин шакли баҳс бо муаллимон Худоназар Асозода ва Абдулҳай Маҳмадаминов, ки аз дӯстони қарини ман шуданд, хос буд.
Чун Мусулмониён дид, ки ман дар ин мавзуъ вориди баҳс шуданӣ нестам, ором шуд. Бо ҳамон ҷиддият суханашро идома дода, гуфт:
– Рӯзе, ки Шуморо дар мансаби мушовир - кордори Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон таъйин карданд, як нафар одами масъул аз ҳамин Сафорат, бо баҳонае мо, мухолифинро дар қаҳвахонае ҷамъ кард.
Ман фаҳмидам, ки ӯ «гуфтании муҳимме» дорад. Мо чанд нафар будем. Оқибат ӯ гирди миз ҳамаи моро наздик, калла ба калла карда, гӯё бо овози паст изҳор дошт:
– Ҳамин субҳ вазири мо фармонеро имзо ва дар Сафорат мушовир – кордор таъйин кард. Донед, ки ӯ полковники КГБ аст. Аз ин пас эҳтиёт бошед. Ба дигар рафиқон ҳам гӯед.
Мусулмониён баъди каме таваққуф идома дод:
– Аз мо, мухолифин касе чизе нагуфт. Ва баъд ҳам нафаре ин мавзуъро муҳокима накард.
Ман ба сухани Мусулмониён гуфтание надоштам. Ин маълумотро намедонистам. Аммо фаҳм, дарк ва таҳлилҳои ман ба чунин изҳорот наздикӣ дошт.
Хомӯширо халалдор карданӣ шуда, Раҳим Мусулмониён бо ҳамон содагии покдилона ва боҷуръатонаи худ суханашро идома дод:
– Ана, акнун донистед, ки ман барои чӣ маҳз дар Сафорат бо Шумо вохӯрӣ таъйин кардам. На дар ҷойи дигар. Дар акси ҳол, шояд гумон мекардед, ки ман хабаркашӣ ва ё бадгӯйӣ карда истодаам. Ҳис кардам, он нафаре, ки ман ӯро ҷосус мешуморам, айни замон дар ҳамин Сафорат аст. Бо Шумо кор карда истодааст. Акнун даъват кунед он шахсро, то ман ин гапро дар рӯяш ҳам гӯям. Лозим бошад, боз шоҳид ҳам меорам. Даъват кунед! Худи ҳозир даъват кунед! – оқибат, барошуфт ва фармон дод муаллим.
Ман хомӯш меистодам.
Кӯшиш мекардам ба меҳмон ягон посух ва вокуниш ҳам нишон надиҳам. Инро дида, ғазаби профессор зиёдтар гашт:
– Чаро хомӯшед?!!! Биёред! Биёред, рӯ ба рӯ кунед, ки мухолифин хоин аст ё корманди давлатӣ?
Ман аз ғазаби муаллим завқ бурда, каме табассум кардам. Ва дидам, ки профессор ором намешавад:
– Муаллим, ман инро медонам. «Моро фурӯхтанд ва мефурӯшанд. Муҳим он аст, ки аксарият содиқ ҳастанд», – гуфта, сухани як муаллифи ҳакимро бе истифодаи ному насабаш иқтибос овардам.
– Ҳа, бале, – каме ором шуда, гуфт оқибат профессор, – «изои муъмин ҳаром» мегӯед. Ин ҳам дуруст. Шуморо муътақид карда бошам, бас аст. Кифоя, – суханашро хулоса кард Мусулмониён.
Ман мавзуи суҳбатро тағйир доданӣ шуда:
– Устод, ин ҷо ҳолу аҳволатон чӣ тавр аст? Гоҳо ёди Ватан, ёру ошноҳо мекунед? – гуфта, хостам маҷрои суҳбатро ба самти аслӣ барам.
Раҳими Мусулмониён ба андеша фурӯ рафт.
Аз эҳсоси зиёд чашмонаш нам гирифт.
Каме таваққуф кард.
Ба худ омад.
Устод ва муҳаққиқи забардасти назми тоҷик ин ғазали Ҳофизро бо овози ҳазин хонд:
Гар аз ин манзили вайрон ба сӯйи хона равам,
Дигар он ҷо, ки равам, оқилу фарзона равам.
З-ин сафар гар ба саломат ба Ватан боз расам,
Назр кардам, ки ҳам аз роҳ ба майхона равам.
То бигӯям, ки чӣ кашфам шуд аз ин сайру сулук,
Ба дари савмаа бо барбату паймона равам.
Ошноёни раҳи ишқ гарам хун бихӯранд,
Нокасам, гар ба шикоят сӯйи бегона равам...
Гар бубинам хами абрӯи чу меҳробаш боз,
Саҷдаи шукр кунам в-аз пайи шукрона равам.


Албатта, аз рӯйи одоб ва тартиби хизматӣ набошад ҳам, ман маълумоти хиёнатро на ба сафир ва на ба Вазорати корҳои хориҷии мамлакат ва на ба идораи амнияти Тоҷикистон нагуфтам.
Тамоми умр оини кори мо буд, дар ҷойе, ки фаъолият ба сар мебарем ва аз он нон мехӯрем, камбудро шиносем, бояд андеша ва таҳаммул кунем. Оқибати корро то ҳади имкон бо сабр саришта намоем. Тадбир пеша кунем. Гапи хонаро ба бозор, ба худиву бегона набарем. Чун надидам, ки баръакси ин амал қимати касе афзуда бошад.
Аз ин оин ман зарар надидам.


НАЗДИ МАН ҶАВОНМАРД ОН БУВАД
Ҳамин тариқ, бо профессор Раҳими Мусулмониён вақт ба вақт дар тамос мешудем.
Ӯ дигар аз дому дон, фитнаву шар, зеру забар, ҷангу ҷадал ва гулобу қанди мухолифин батамом канда буд.
Дар Донишгоҳи улуми адабиёти форсӣ ба тадқиқот шуғл меварзид. Бо меҳнати ҳалол рӯзгор мебурд.
Р. Мусулмониёнро ҳар сари вақт ба Сафорат даъват мекардам. Ӯ ҳам, сарфи назар аз масруфият, ба идораи намояндагӣ ташриф меовард.
Мо дар сари як чойник чой соатҳо суҳбат мекардем. Гарчанде байни мо гоҳо баҳсҳо сурат мегирифт. Онҳо бештар мавзуъҳои адабиёти классикиву муосир ва сиёсатро дахл мекарданд. Ман аз ин шахсияти бузург дарси илму адаб ва назокати муошират меомӯхтам.
Ҳамин тариқ, риштаи дӯстиву рафоқати ман бо профессор Раҳими Мусулмониён мустаҳкам гардид. Замоне ки бекортар мебудам, мошин фиристода, ӯро барои сайру гашт ба боғи Ниёварон ва ё ба боғи «Тахти сангин», дар наздикии Сафорат даъват мекардам.
Гоҳо, чун ба ягон самти Эрон танҳо сафар медоштам, устодро ҳамроҳ мегирифтам, ки раҳ «кӯтоҳ шавад» ва сафар хуш гузарад.
Албатта, профессор аз чунин таклиф хушаш меомад.
Тамоми роҳ мо дар ягон мавзуъ суҳбат мекардем. Ман доим суолҳои зиёд доштам. Шунидани ҷавоби онҳо аз забони шахси донишманд, шеърхону шеърдон, нуктафаҳму соҳибмуҳокима ва дидаву дониста ниҳоят ҷолиб буд.
Боре нияти сафари шаҳри Ҳамадонро кардам. Шом бо Раҳими Мусулмониён дар тамос шудам. Таклифи ҳамроҳиро бо хушнудӣ қабул кард.
Дар роҳ ман дар бораи шаҳри Қазвин, ки аз Теҳрон дар масофаи яксаду панҷоҳ километр қарор дошт, нақл кардам. Аз Убайди Зоконӣ ёдовар шудам.
Устодро «Худо дод». Ӯ тез гапи маро бурида, риштаи суханро дар атрофи ин шоири тавонои асри XIII бурд.
Мусулмониён бо як завқи баланд дар бораи адиби тавонои миллати тоҷик нақлҳо мекард.
Аз ҷумла, гуфт, ки агар имкон бошад, мо аввал ба деҳаи Зокони Қазвин рафта, ақаллан, зодгоҳи ин марди рӯинтанро зиёрат кунем, баъд сафарро идома диҳем.
Ман аз профессор пурсидам, аз куҷо маълум аст, ки дар ҳақиқат Зокон макони таваллуди шоир аст. Муаллим гуфт:
– Инро худи шоир дар як байташ тасдиқ кардааст:
Гар кунӣ бо дигарон ҷабру ҷафо,
Бо Убайдуллоҳи Зоконӣ накун!


Сипас суханашро идома дода, хотирнишон кард:
– Чандин шеъру қитъаву достонҳои шоир чунон сароида шудаанд, ки гӯё ҳолу аҳволи маро тасвир мекарда бошад. Масалан, дар як рубоияш мегӯяд:
Нест дар дастам кунун аз хушку тар,
З-он чӣ вақте дар шуморе омадӣ,
Ғайри ман дар хонаам чизе намонд,
Ҳам намондӣ гар ба коре омадӣ.


Аммо чун Убайд бузургмард буд ва аз касе тамаи ноне надошт, дар ҷойи дигар гаштаву баргашта таъкид кардааст:
Эй дил, пас аз ин андуҳи беҳуда махӯр,
З-ин беш ғами будаву нобуда махӯр.
Ҷон медеҳу доди тамаъу ҳирс мадеҳ,
Ғам мехӯру нони миннатолуда махӯр.


Инро гуфту Раҳими Мусулмониён яку якбора сахт маъюс гашт:
– Ман профессор. Дар замони Шуравӣ ҳафтсад сум маош мегирифтам. Бо он се оила, агар шабу рӯз мехӯрданд, зиёдатӣ мекард. Ба фикрам, ношукрӣ аз дасти худамон гузашт, – гуфт.
Ман, ки доим бо муаллим дар «ситеза» будам, шӯхӣ кардам:
– Домулло, Шумо дар бораи Убайди Зоконӣ гап занед, на дар бораи худатон. Набошад ман тарҷумаи ҳоли ин «шаккок»-ро худам ба Шумо нақл мекунам, – гуфтам.
Профессор ба ҳуш омад, табассум кард ва гуфт:
– Воқеан, Убайди Зоконӣ шахсияти ҷасуру далер ва марди фозил, ҳаҷвнигор ва соҳибмуҳокима будааст. Замоне ӯ ба Бағдод сафар мекунад. Дар он ҷо аз танҳоӣ азият мекашад. Аммо намехоҳад пеши касе фазлфурӯшӣ ва сар хам кунад. Чанд мухлиси Убайд ба Салмони Соваҷӣ, шоири тавоно, аммо тамаллуқҷӯйи дарборӣ дар бобати меҳмон шудани Зоконӣ дар ин шаҳр хабар мерасонанд.
Салмони Соваҷӣ аз эҷодиёти Убайд хуб огаҳ буд ва аз ҳаҷву мутоибаҳои ӯ эҳсоси малолӣ карда, дар ҳаққаш қитъа месарояд:
Ҷаҳаннамиву ҳиҷогӯ Убайди Зоконӣ,
Муқаррар аст ба бедавлативу бединӣ.
Агарчӣ нест зи Қазвину рустозодаст,
Валекин мешавад андар ҳадис қазвинӣ.


Ин қитъа ба гӯши Убайд мерасад. Рӯзе шоир ҳангоми сайру гашт дар соҳили дарёи Даҷла Салмони Соваҷиро бо ҷамъи хушомадгӯёнаш мебинад. Наздик меравад. Арзи салом ва бо онҳо мусоҳиба мекунад.
Чун ҳозирин ҷавонмарди хушқадду қомат ва бо фазлу донишро мебинанд, ӯро ба маъракаи худ даъват мекунанд. Салмон аз ӯ мепурсад:
– Бародар бо ин хушсуханӣ аз куҷоӣ?
– Аз Қазвинам, ҳазрат! – ҷавоб медиҳад Убайд.
– Боракалло, боракалло! Аз Қазвин, ки бошӣ, бародар, бигӯй, ки аз эҷодиёти мо магар дар ватани Шумо чизе маълуму машҳур аст?
– Албатта, ҳазрат. Шумо яке аз шоирони шинохтаи он диёр эътироф шудаед. Аммо аз кулли ашъоратон як порчае вирди забони хоссу ом аст, – мегӯяд Убайд.
– Офарин, он порча кадом будааст, меҳмон?
Убайди Зоконӣ бо риояти ифоданокии қироати шеър мегӯяд:
Ман хароботияму бодапараст,
Дар хароботи муғон ошиқу маст.
Мекашандам чу сабу дӯш ба дӯш,
Мебарандам чу қадаҳ даст ба даст.


Ва илова мекунад:
– Ин фақир медонам, ки устод Салмон шахси хирадманду доност. Мардуми Қазвин ба ин боваранд, ки шояд шеъри мазкурро завҷаи эшон сароида бошанд.
Салмони Соваҷӣ ба дурустӣ дарк мекунад, ки ҳамсуҳбати ӯ ҳамон Убайди Зоконист, ки дар лутфу мутоиба ӯро ҳамто нест. Эҳсос менамояд, ки ба эшон қитъаи ӯ расидааст. Ва ин порчаи шеърӣ посух ба ҳамон қитъаи дар ҳаққи Убайд навиштаи ӯст.
Ман аз ин суҳбат хеле ҳаловат бурдам. Чун ба Қазвин расидем, дар суроғи деҳаи Зокон шудем. Мақсад – зиёрати макони тавлиди бузургвор Убайдуллоҳ буд, ки номи он деҳро ба исми худ пайваста, машҳури олам карда.
Мутаассифона, дар шаҳри Қазвин на ягон кас номи ин шоири оламшумулро медонист ва на мавзееро бо номи Зокон.
Профессор Мусулмониён бо тааҷҷуби зиёд ва содагии олимона аз ҳар каси роҳрави Қазвин, агар ӯро босалобат дарёфт мекард, мепурсид. Вақте онҳо ба саволҳои марбут посух дода наметавонистанд, бо ҳаяҷон:
– О, бародар! Наход шумо Убайдуллоҳи Зокониро нашиносед, наход макони зиндагии ӯро, ки ҳамшаҳрии шумост, надонед, – мегуфт.
Гоҳо аз ин шоири номвар порчаҳои шеърӣ мехонд. Гоҳо латифаҳо мегуфт. Аммо ҳайҳот. Гӯё қазвиниҳо қасам хӯрда бошанд, ки сар раваду сир наравад. Дар посухи суол китф дарҳам мекашиданд.
Оқибат, Раҳими Мусулмониён маъюс гашта, омада бо сари хам дар мошин нишаст. Фармон дод:
– Ба сӯйи бинои шаҳрдор ҳай кун!
Касеро пурсидам. Нишони маъмурияти шаҳрро гуфт. Дар он тарафи шаҳр, аз мавзеи истодагии мо дар масофаи тахмин 3-4 км будааст. Мо ба он самт ҳаракат кардем. Муаллим аз ин муколамаи бенатиҷа сахт ошуфта шуда, чанд маротиб худ ба худ: «афсус, бехирадӣ, бедонишӣ, бехабарӣ, ҳазор ҳайф, ҳазорон ҳайф», – гуфта монд.


ҶОН МИСОЛИ ШИША АСТУ ИЛМ МОНАНДИ ЧАРОҒ
Аммо ман аз чунин вокуниш ҳайрон нашудам. Дар тааҷҷуб ҳам намондам. Ин дам аз пеши назарам як лаҳзаи сафари худам ба шаҳри Исфаҳон гузашт. Мақсади ташриф, вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷик буд.
Аз фурудгоҳ як мошини кирояи «Пайкон»-ро гирифта, ба ронандаи он, ки марди тахмин 50 – 55 сола буд, ҳадафро гуфтам.
Ронанда бахши донишгоҳи байналмилалиро намедонистааст. Тибқи харита, кӯшиш кардам хатсайрро фаҳмонам. Чун роҳ тулонӣ афтода буд, дар хусуси аз Исфаҳон будани падари Ҳофизи Шерозӣ, бо ҳамроҳии завҷааш ба Шероз рафтан ва дар он ҷо таваллуд шудани Шамсиддин, ки баъдан бо номи Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ машҳур гаштааст, нақл кардам. Ба умеди он ки шояд сокини шаҳри Исфаҳон чизе илова намояд ба гуфтаи мо, хатсайр кӯтаҳ шавад ва ҳамраҳӣ «маънӣ» пайдо кунад.
Аммо аз ронанда сару садое намебаромад. Пурра машғули кофтукови макони манзури мусофир буд.
Ман хостам абёте ба тафсири халқия, мисли пиёдачақчақ аз Ҳофиз ёдовар шавам, то хотири марди исфаҳониро, ки падари паёмбарони шеъри тоҷикӣ – форсӣ ҳамшаҳрии ӯст, шод гардад:
Ба шеъри Ҳофизи Шероз мехонанду мерақсанд,
Сиёҳчашмони кашмириву туркони самарқандӣ.


Аз ронанда вокунише берун наомад. Шеъри дигареро наздик ба аҳволи мардуми одӣ хондам:
Шоҳидон дар ҷилваю ман шармсори кисаам,
Бори ишқи муфлисӣ ҳайф асту мебояд кашид.


Аммо аз сокини шаҳри Исфаҳон ишорае ба дарки маънӣ шунида нашуд. Ахиран, як байти ғазали машҳурро хондам:
Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.


Ронанда, гӯё ки ҳамаи инро намешунид. Баръакс, хавотир буд. Оқибат, ба ман гуфт:
– Бе фекрам, ма роҳру гом кардим. Шома бо хате форсӣ баладид? Ун ҷа че навиште шоде? – гуфта, ба як иморати баланд, ки дар болои он ба андозаи якметрӣ ҳарфҳо сабт шуда буд, ишора намуд ва аз ман пурсид.
Навиштаҷот мушкил надошт. Тез онро хондам.
– Ваҳ, воғиан, ма дер ун месир нистим, – гуфт ба ошуфтагӣ ронанда.
– Оғо, биноии Шумо чӣ тавр аст, ки ҳарфҳои бузургро намебинед, аммо иҷозати ронандагӣ доред? – бо хавотирӣ пурсидам ман.
Ронанда дар як кунҷи роҳ мошинро нигоҳ дошт ва оромона ба ман:
– Оғ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-12-2025, 13:45:33 | Диданд: 5