МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ ВА ҶОНФИДОИҲОИ СОҲИБВАТАНОН.

АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ ВА ҶОНФИДОИҲОИ СОҲИБВАТАНОН.

АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ ВА ҶОНФИДОИҲОИ СОҲИБВАТАНОН. Боиси таасуф аст, ки санаи 23 декабри соли 2025 воқеаи басо нигаронкунанда дар таърихи ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардид. Се нафар аъзои ташкилоти террористӣ бо нияти нопок марзи давлатӣ дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и «Боғ», Отряди сарҳадии 0341 «Сарчашма», воқеъ дар мавзеи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ғайриқонунӣ убур намуда, аз қаламрави Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид шуданд. Бо шарофати ҳушёрӣ, зиракӣ ва фаъолияти касбии баланди хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соати 11:15 дақиқаи рӯзи 24 декабр макони ҷойгиршавии ин ашхоси ифротӣ муайян карда шуд. Дар ҷараёни амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сарҳадбонони тоҷик бо далериву матонат аз иҷрои қарзи хизматӣ сарфи назар накарданд ва барои безараргардонии таҳдид чораҳои қатъӣ андешиданд. Террористон ба даъвати қонуни таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Мақсади онҳо анҷом додани ҳамлаи террористӣ ба яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии кишвар буд. Дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ ҳамаи се нафар террорист безарар гардонида шуданд. Аз ҷои ҳодиса силоҳу муҳимоти зиёди ҷангӣ, аз ҷумла автомату таппончаҳои хориҷӣ, норинҷакҳои дастӣ, дурбини шаббин ва маводи тарканда мусодира гардид, ки далели равшани ниятҳои хатарноки онҳо мебошад. Мутаассифона, дар ҷараёни ин задухӯрди мусаллаҳона ду нафар аз фарзандони шуҷои Ватан — Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович ва Қурбонов Исматулло Ғуломович, хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷони худро фидои амнияти давлат ва осоиштагии мардум намуданд. Ин қаҳрамонон бо ҷоннисорӣ ва садоқати баланди худ ба савганди ҳарбӣ исбот карданд, ки ҳифзи Ватан барои онҳо болотар аз ҳама арзишҳост. Мардуми шарифи Тоҷикистон ин амали ваҳшиёнаи террористонро қатъиян маҳкум намуда, қаҳрамонии фарзандони содиқи Ватанро бо эҳтиром ва ифтихор ёдовар мешаванд. Фидокории онҳо ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд ва номи онҳо ҳамчун сипари боэътимоди сулҳу субот дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Тоҷикон ҳаргиз ба хоки ватане бо нияти нопок ҳамла накарда, моли касеро ғасб накардаанд. Агарчи фарзандони ин миллат ҳангоми иҷрои вазифаҳои пурмасъул ҷони хешро аз даст дода бошанд,ҳам вале падару модарон ва аҳли мардуми шарифи Тоҷикистон бо номи чунин ҷавонмардона ифтихор мекунанд. Баҳри аз даст додани ин насли ҷонбохтаи ватан кули мардуми Тоҷикистони азиз ба пайвандон ва наздикони шаҳидон изҳори ҳамдардии самимӣ намуда, ба онҳо сабри ҷамил таманно мекунем. Руҳи қаҳрамонон шод бод ва хотираашон ҷовидон! Шаҳидони роҳи ватан ҳаргиз намемиранд ва то абад дар ёди мардуми шарифи Тоҷикистон зиндаву ҷовид хоҳанд монд. Абдуллозода Бобоҷон: директори маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-12-2025, 09:26:09 | Диданд: 9