МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ман амали бадахлоқонаи гурӯҳи террористиро дар марзи Тоҷкистону Афғонистон қотеона маҳкум менамоям,

Ман амали бадахлоқонаи гурӯҳи террористиро дар марзи Тоҷкистону Афғонистон қотеона маҳкум менамоям,

Ман амали бадахлоқонаи гурӯҳи террористиро дар марзи Тоҷкистону Афғонистон қотеона маҳкум менамоям, Ҳодисае, ки санаи 23.12.2025 соати 23:30 дақиқа дар марзи Тоҷкистону Афғонистон рух додаро ман амали ноҷавонмардона дониста қотеона маҳкум менамоям. Дар асари як ҳуҷуми мусалаҳона аз ҷониби якчанд аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар марзи Тоҷкистону Афғонистон ду афсари шуҷои Ватан ҷон бохт. Аз ин рӯ ман пеш аз ҳама ҳамдардии амиқи хешро ба наздиқону пайвандони подполковник Наврӯзбеков Зиребон Нағзибекович ва майор Қурбонов Исматулло Ғуломович изҳори тасалият намуда қайд меномоям, ки номи ин ҷонфидоёни Ватан фаромуш нашуданист ва дар саҳифаи таърих бо ҳарфи зарин навишта мешавад. Қотеона иброз медорам, ки амали ин ноҷавонмардон набахшиданист. Имрӯзҳо мо бараълоба тариқи оинаи нилгун ва ё шабакаҳои интернетӣ мебинем, ки аз дасти ин террористон ҳазор кудаки бегуноҳ кушта шуда чандин давлатҳои ором ноором мешаванд. Аз ин рӯ мубориза ба гурӯҳои экстремистию террористӣ фаъолияти дастаҷамъист. Аз дасти ин гурӯҳо чандин зани покдонам«бева»ва чандин кудаки бегуноҳ ятим шудааст. Ман ҳамчун як ҷавон изҳор медорам, ки мо миллати тамаддунофари тоҷик аз рӯзи аввал амалҳои ин гурӯҳҳои экстремистию террористӣ дақиқ бинона маҳкум менамоем. Намегузорем амалҳои ин гурӯҳҳои бадхоҳ дар сарзамини биҳиштосо амали гардад. Мо ҷон медиҳем вале хоки Ватанро ба душман намедиҳем. Ҷавони фаъол аз ноҳияи Восеъ: Шодибеги Иди

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 29-12-2025, 16:16:42 | Диданд: 2