ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10996]
2. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6694]
3. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6624]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5523]
5. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4951]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4786]
8. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4771]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4764]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4373]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2471
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 114930
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
18-уми январи соли 2026, тахминан соати 00.30 дақиқа чор нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар аломати сарҳадии 151/2, қаноти чапи минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 7-уми «Хирманҷо», Отряди сарҳадии «Ёл», воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳади давлатиро убур карда, аз деҳаи Дарбандаки вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон ба хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд.
Дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯии таъҷилӣ макони ҷойгиршавии террористон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд.
Террористон ба амри сарҳадбонон оид ба таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд.
Зимни гузаронидани амалиёти ҷангӣ ҳар чор нафар террорист нобуд карда шуд.
Аз ҷои ҳодиса 3 адад силоҳи оташфишони тамғаи автомат Калашников, 1 адад таппончаи истеҳсоли хориҷии навъи “Круз”, 6 тирдон, 183 адад тирҳои АК ва таппонча, 3 адад телефони мобилӣ, 1 адад ратсия, 1 адад қаиқ мусодира карда шуд.
Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти том изҳор медорад, ки барои таъмини амнияти сарҳади давлатӣ минбаъд низ аз тамоми қувваю восита истифода намуда, ба сарҳадшиканон ҷавоби сазовори қонунӣ хоҳад дод.
Айни замон вазъият дар сарҳади давлатӣ таҳти назорат қарор дорад.
Вобаста ба ҳолати мазкур бо дастрасии моддаҳои 179 (Терроризм), 335 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 19-01-2026, 08:21:04 | Диданд: 101