МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Кабирӣ мухолиф не, хоин аст

Кабирӣ мухолиф не, хоин аст

Кабирӣ мухолиф не, хоин аст Маълум аст, ки дар муборизаҳои сиёсии дохилии ҳар кишвари демократие, баҳсу мунозира миёни намояндагони ҳизбҳои мухолиф ҳамеша вуҷуд дорад. Онҳо роҳи ҳали мушкилоти ҷомеаро ба таври гуногун мебинанд ва ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки ҳарфи худи онҳо шунида шуда, дар амал татбиқ шавад. Аммо вақте ба ин давлат аз хориҷа таҳдидҳое пайдо мешавад ва ҷони аҳолиро дар хатар мегузорад, ҳамаи ҳизбҳо, чӣ ҳукмрон ва чӣ мухолиф ба ҳам омада, кӯшиш мекунанд он хатарро аз сари мардум бардоранд. Дар ин ҳолат дигар мухолифон дар паҳлуи ҳукумат истода якҷоя амал мекунанд. Мутаасифона, ин қонунмандиҳо ба хоинон дахл надоранд. Хоин ҳамеша дар пайи зарар расонидан ба ватани худ аст. Агар як бегона ба он ҳуҷум кард, ҳатман бо вай ҳамроҳ мешавад ва кӯшиш мекунад заҳри навбатии худро ба баданаи ҷомеа расонад. Мисоли равшани чунин рафтори хоинона ифротии гузаро Кабирӣ мебошад. Ин хоин, ки бешармона худро мухолифи ҳукумат меномад, дар бархурдҳои Тоҷикистони азизи мо бо рақибон, ҳамеша ҷониби дигарро мегирад. Агар мо мушкил бо Толибон дорем вай ба як толиб мубаддал гашта, аз мавқеи онҳо сухан мегӯяд. Агар бо дигар кишварҳо бошад дарҳол ба сафи онҳо мепайвандад. Яъне ин Кабирӣ наҳзатӣ нафрати зиёд ба мардуми тоҷик дорад ва аз ҳама фурсат истифода бурда, кӯшиш мекунад ба Тоҷикистони мо зарару зиён расонад. Агар аз суханони Кабирии наҳзатиро дар сомонаи ифротии вай бо номи “ислоҳ.нет” хонда бинем, пай мебарем, ки ин хоин то чӣ ҳад нафрат ба Тоҷикистон ва фарзандони он дорад. Яъне Кабирӣ наҳзатӣ бо чунин бархурдҳо ба муноқишаи номбаршуда бори дигар исбот кард, ки худаш ва ҷумла наҳзатиёни шарикаш як мухолифи сиёсӣ набуда, балки хоинони Тоҷикистони азиз мебошанд. Набояд касе онҳоро мухолиф ном барад. Дигар ҳамаш маълум гашт. Ин Кабирӣ наҳзатии соддалавҳ гумон кардааст, ки бо мунташир кардани чанд қиссаи дурӯғин оид ба мухолифатҳои давлатмардони тоҷик дар ҳукумати имрӯза, онҳо зидди ҳам мешаванд ва суботу амнияти ҷомеаи халалдор мегардад. Аммо ин як хаёли хом аст. Ҳукумати имрӯзаи мо мутамарказ ва қавӣ буда, ҳеҷ як аъзои он ҳадафҳои умумидавлатиро зери пой намекунад. Касе аз давлатмардони мо дар бархурҳо бо душманон бетараф нест. Ҳама бо ҳам омада, бо истифода аз пуштибонии васеи мардуми тоҷик ватанро ҳифз мекунанду, рушду тараққиёти мамлакати моро таъмин мекунанд. Халифаев Д.- Сокини ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-01-2026, 16:58:07 | Диданд: 5