ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10702]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6482]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6405]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5343]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4772]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4632]
8. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4625]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4597]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4226]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Кабирӣ мухолиф не, хоин аст
4. НОМУСБОХТА
5. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
6. Кабирии Хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
7. Оқибатҳои фоҷиабори терроризм
8. Ман амали бадахлоқонаи гурӯҳи террористиро дар марзи Тоҷкистону Афғонистон қотеона маҳкум менамоям,
9. АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ ВА ҶОНФИДОИҲОИ СОҲИБВАТАНОН.
10. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Омор
- Хабархо: 2455
- Расмхо: 39
- Онлайн: 6
- Хамаги омаданд: 104124
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 январи соли 2026, тахминан соати 19:30 дар ҳудуди минтақаи хизматрасонии дидбонгоҳи сарҳадии «Баҳорак»-и қисми ҳарбии 0341-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 5 қочоқбари афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид шуданд.
Дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯйӣ масири ҳаракати ҷинояткорон дар минтақаи мазкур муайян карда шуд. Қочоқбарон ба амри сарҳадбонон итоат накарда, бо истифода аз силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, муқовимати мусаллаҳона нишон дода, кӯшиш карданд, ки ба самти Афғонистон фирор намоянд.
Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ 3 қочоқбари афғон Ҷовид валади Давлатманд, Рошид валади Давлатманд, сокинони қарияи Ворича ва Собир валади Зоҳир, сокини қарияи Анҷири вулусволии Чаҳёби вилояти Тахори Афғонистон дар ҷойи ҳодиса нобуд карда шуданд.
Ба 2 қочоқбар муяссар гардид, ки бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон фирор намоянд.
Зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 3 ҷасади қочоқбари афғон, 3 автомати Калашников бо 4 тирдон, 150 дона тири қутрашон гуногун, миқдори зиёди тирҳои парондашуда, 4 борхалта бо 73 баста воситаи нашъадори навъҳои «ҳашиш» ва «афюн», инчунин 1 қаиқ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор медорад, ки барои таъмини амнияти сарҳади давлатӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида, бо сарҳадшиканон ва қочоқбарон муборизаи беамон мебарад.
Дар айни замон вазъият дар хати сарҳади давлатӣ таҳти назорат ва ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаҳои 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан), 289 (Қочоқ), 335 (Ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 30-01-2026, 14:27:39 | Диданд: 15