ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10760]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6504]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6464]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5388]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4801]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4659]
8. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4650]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4635]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4252]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. АРТИШӢ МИЛЛИ-КАФИЛИ АМНИЯТ ВА ПОЯИ СУБОТИ ДАВЛАТ.
2. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
4. Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Кабирӣ мухолиф не, хоин аст
7. НОМУСБОХТА
8. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Омор
- Хабархо: 2458
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 106160
АРТИШӢ МИЛЛИ-КАФИЛИ АМНИЯТ ВА ПОЯИ СУБОТИ ДАВЛАТ.
АРТИШИ МИЛЛӢ - КАФИЛИ АМНИЯТ ВА ПОЯИ СУБОТИ ДАВЛАТ Андеша: Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар шароити басо душвор, бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ 23- юми феврали соли 1993 пояҳои Артиши миллӣ гузошта шуд. Зеро, ҳар як давлати соҳибистиқлол барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, марзу бум, истиқлолият ва амнияти шаҳрвандонаш ба неруи муназзами ҳарби такя мекунад. Агар давлатро ба бинои мӯҳташам монанд кунем пас Артиши миллӣ яке аз сутунҳои устувори он мебошад. Бе артиши қавӣ давлат наметавонад, амният, субот ва рушди устуворро таъмин намояд. Барои Точикистони соҳибистиқлол низ Артиши миллӣ чунин нақши сарнавиштсоз дорад. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи давлатдорӣ, нишонаи қудрат, мактаби мардонагӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Ногуфта намонад, ки солҳои аввал барои Артиши миллӣ давраи санҷишӣ буданд. Норасоии техника, инфрасохтор ва набудани кадрҳои касбӣ мушкилоти ҷиддӣ ба вуҷуд меорад. Аммо бо гузашти вақт бо дастгирии давлат ва заҳмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбӣ, Артиши миллӣ ба нерӯи муназзаму тавоно табдил ёфт. Имрӯз мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллӣ марҳилаҳои душвори ташаккулро паси сар карда, ба сохтори касбӣ ва устувор табдил ёфтааст. Дар шароити ҷаҳони муосир хатарҳои гуногун аз қабили терроризм, ифродгароӣ, қочоқи маъводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ ҷаҳонро таҳдид мекунад. Тоҷикистони азизи мо, ки дар минтақаи дорои аҳамияти геополитикӣ қарор дорад аз ин таҳдидҳо дур нест ва барои ҳимоя аз манфиатҳои миллии худ, бояд ҳамеша омода бошад. Маҳз Артиши миллӣ бо омодагии доимии ҷангӣ ва интизоми қавӣ метавонад ин амниятро таъмин намояд. Хизматчиёни ҳарбӣ дар дурдасттарини минтақаҳо, дар шароити сахти иқлимӣ, шабонарӯзӣ адои вазифа мекунанд. Онҳо бо садоқат ба Савганди ҳарбӣ ва муҳаббат ба Ватан рисолати худро иҷро намуда, марзу буми кишварро ҳифз менамоянд ва ҳар гуна таҳдидҳоро пешгирӣ менамоянд. Субот ва оромӣ бошад, заминаи асосии рушди давлат мебошад. Ҳар як сармоягузорӣ, ҳар як сохтмон, ҳар як иқдоми иҷтимоӣ дар фазои сулҳу субот амалӣ мешавад. Агар амният халалдор гардад, тамоми равандҳои рушд зери хатар мемонанд. Артиши миллӣ бо фаъолияти худ фазои эътимод ва оромиро таъмин мекунад. Ҳузури он ҳамчун нерӯи муназзам ва омода ба дифоъ, худ як омили боздоранда барои ҳар гуна таҳдидҳо мебошад. Душман вақте медонад, ки давлат артиши қавӣ дорад, ҷуръати таҷовуз намекунад. Аз ин рӯ, Артиши миллӣ на танҳо ҳомии марзҳост, балки посдори суботи сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар низ мебошад. Бояд қайд намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ Шараф ва масъулияти бузург аст. Артиш барои ҷавонон мактаби ҳаёт мебошад. Ҳангоми хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҷавонон интизом, масъулиятшиносӣ ва ҳамдигарфаҳмро меомӯзанд. Артиш ҷавононро ҷисман обу тоб дода, рӯҳан қавӣ мегардонад. Ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз давлат ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар ҳамин муҳит ташаккул меёбад. Ҷавоне, ки хизмати ҳарбиро адо кардааст, дар зиндагӣ минбаъд низ масъулиятшинос ва устувор хоҳад буд. Хулоса, Артиши миллӣ имрӯз кафили амният ва пояи суботи давлат мебошад. Он рамзи қудрат Ваҳдат ва ифтихори миллӣ аст. Дар ҷаҳони пуртазод ва тағйирёбанда, танҳо давлати дорои Артиши миллӣ метавонад, истиқлолияти худро ҳифз намояд. Аз ин рӯ бигузор Артиши миллии мо ҳамеша нерӯманд омода ва сарбаланд бошад. Бигузор сулҳу субот дар Тоҷикистони азизамон ҷовидона пойдор монад. Абдуғафорова Озодамоҳ - мудири шӯъбаи кор бо занон ва ҷавонон КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-02-2026, 19:26:15 | Диданд: 7