МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ислом ба зоти хеш надорад айбе

Ислом ба зоти хеш надорад айбе

 

       Ифторгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор меравад. Зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зуроварӣ, расонидани зарар, таҷовус ба номус, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Терроризим ин содир намудани амалҳои таҳдид ба марги одамони бегуноҳ,  қисман бартараф намудани одамони сиёсӣ ва маъруф, бо мақсади тарсонидани одамон, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, эътироз ба вуҷуд овардан,  ки он ба ифротгароӣ оварда расадин аст.

        Ҳизби наҳзати ислом аз аввали таъсисёбиаш  барои дар боварии мардум даромаданаш дар зери  ниқоби ислом худро ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифи намуд. Зеро он вақт мардум мушоҳида намекард, ки ин ҳизб мақсад ва маромаш барҳам додани сохти Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аст.

  Суханронии  яке аз аъзоёни ин ҳизб   Саттори Айёмиддин бори дигар собит сохт, ки дар ҳақиқат ин ҳизби сиёсӣ набуда, балки ҳизби терористӣ-экстремистӣ мебошад.  Саркардагони ин ҳизби терористӣ-экстремистӣ мақсад ва маромашон ноором сохтани вазъӣ имрўзаи ватани азизи мо мебошад. Чунон аз гуфтаҳои Саттори Айёмиддин огоҳ шудем, ки ин ҳама найрагбозиҳои  аъзоёни Ҳизби наҳзати ислом бо сардории Муҳиддин Кабирӣ – хоини миллат  ва дигар ҳамроҳони ў будааст.

 Гирифтани маблағҳои бегарон аз тарафи хоҷагони хориҷии худ ва машқу тамрин додани ҷавонони  гумроҳ дар пойгоҳҳои низомии дигар кишварҳо  ин бори дигар хиёнат ба ватани азизро собит намуд. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гунна зуҳуроти номатлуб ин паст будан ва бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносии баъзе  ҷавонони роҳгумзада аст.

   Бинобар ин фаъолон ва шаҳрвандони кишварро зарур аст,ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ ба дарки масъулият истиқлолияти худро бо меҳнат бахшем

ва насли ҷавонро дар руҳияи худогоҳии миллӣ, хештаншиносӣ ба корҳои бунёдкорию созандагӣ, роҳнамоӣ намоем.   

 

Рустам Солеҳов корманди шуъбаи маорифи нохияи Восеъ

 

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 16-08-2018, 14:57:19 | Диданд: 746