МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТЕРРОРИЗМ ЯКЕ АЗ МАСЪАЛАИ ТАШВИШОВАРИ ҶАҲОН

ТЕРРОРИЗМ ЯКЕ АЗ МАСЪАЛАИ ТАШВИШОВАРИ ҶАҲОН

«… Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амният таҳдид карда, барои башарият хатари накамтар аз силоҳу ядроиро ба миён овардааст. Ҳамроҳ шудани баъзе шаҳрвандони мо ба гурӯҳҳои ифротию террористи ҳар яки мо водор месозад, ки барои пешгирӣ кардани ин раванди хатарнок ва вабои аср ҷиддӣ ва дастаҷамъона кор кунем ва давлату Ватани худро аз ҳар гуна хатарҳои даҳшатовар эмин нигоҳ доре

Эмомалӣ Раҳмон.

Терорризм яке аз масъалаҳои ташвишовар ва ҳалталаби замони муосир ба шумор меравад, ки боиси ба тарсу даҳшат афкандани ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Дар ин гуна амалиётҳо ҳазорон одамони бегуноҳ нобуд ва шаҳрҳои обод ба вартаи нобуди рафтаанд.
Терроризм зуҳуроти ниҳоят хавфноки замони навин буда бо шаклу тарзҳои гуногун амали мегардад ва онро пешгӯи намудан душвор аст.
Террор истилоҳи лотинӣ – «terror» тарс ва ба даҳшат андохтан аст.
Терроризм амали номатлуб буда бар зидди ҳуқуқу озодиҳои инсон аз тарафи ҷонибдорони гуруҳои махсус ва алоҳида равона мегардад.
Мақсади асосии террор амалҳои террориро анҷом додан аст, ки он аз се қисмат таркиб ёфтааст:

 

1)Ғоя ва омилҳои сиёсие, ки амали террориро асоснок менамоянд;

 

2) Фаъолияти зӯроварӣ бо татоми зуҳуроташ;

 

3)Худи амали террористӣ, ки ба муқобили кадом обекте равона гардидааст.

 

Террориз ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешавад: терроризми байналхалқӣ ва терроризмӣ дохилидавлатӣ.
Терроризми дохили давлатӣ-фаъолияти гурӯҳои махсуси ташкилшудаи террористӣ, ки амалиёти худро барои расидан ба мақсадҳои муайяни сиёсӣ дар қаламрави як давлат ба амал меоранд.
Терроризми байналхалқи дар навбати худ боз шаклҳои мухталиф тақсим мегардад: терроризми иқтисодӣ(инқилобӣ), терроризми этникӣ (миллатгароӣ), терроризмӣ динӣ.
Амалҳои террористи аз солҳои 80-90 асри ХХ пуршиддад ва тезу тунд мегарданд.
Террори иҷтимоӣ – инқилобӣ як шакли террор буда дар шаклҳои ҷангиҳо партизанӣ амали мегардад, ки ин як навъ ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Таърих нишон медиҳад,ки ин гуна амалҳои террористи панҷа ба доманӣ якчанд давлатҳо задаанд аз ҷумла Алҷазоир, Либерия, Чили, Венесуэла, ва Колумбия .
Терроризи этникию ( миллатгароӣ )-гурӯҳи махсус ташкилшудаи террористӣ, ки барои миллатӣ хеш ташкил намудани давлати алоҳидаю мустақилро мақсаду ҳадафи асосӣ медонанд. Онҳо амалҳои хешро «озодиҳои миллӣ» меҳисобанд.
Терррорзми динӣ- яке аз маъмултарин навъи террористи зуҳурёфтаи солҳои- 90 ба шумор меавад, ки дар ин солҳо 56 ташкилоти террористии динӣ ба қайд гирифта шуда буд, маъмултарини инҳо «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ» ва ташкилотҳои радикалии Яҳудиҳо дохил мешуданд. Дар солҳои охир теъдоди ҷавонони гумроҳ гаштаи ҷаҳон ба ҳаргуна ташкилотҳои торроризми динӣ зиёд гашта истодааст. Аз ҷумла баъзе шаҳрвандони кишвари мо низ ба ин гирдоби бало гирифтор шудаанд.Сабабҳои ба ин гуна гурӯҳҳо шомил шудани ҷавонон ин аз соддагию гумроҳӣ ва ба «фанатизми динӣ» гирифтор шудани онҳо мебошад, ин гуна ҷавононро ба воситаи шабакаҳои интернети аз ҷумла «Однаклассники», «ВКонтакте», «Мой Мир», «Fecbook» ва амсоли инҳо шомил месозанд. Боз як сабаби дигар ин ба муҳоҷират рафтани ҷавонон мебошанд,ки дар кишварҳои бегона бо ваъдаҳои гуногун ҷавононро зердасти худ менамояд ва мисли «роботҳои беҷон» бар гирди ангуштони худ давр мезанонад. Ба ҳисоби миёнаи маркази ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикисон иттилоъ пайдо намудем дар айни ҳол мувофиқи омор 3194- шаҳрвандони кишварҳои кишвари мо дар ихтиёри давлат Исломи қарор доранд,36 нафари онҳоро ба воситаи корҳои фаҳмондадиҳи вазорати мазкур ба Ватан гардонида шудаанд.
Роҳҳои пешгирӣ ва дар амн мондани аз ин вартаи нобуди тарғибу ташвиқи борҳои тарбиявӣ, ташкили озмӯнҳои бонуфӯз( ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ), ва вохури бо шахсони донишманд,таҷрибадор, ҷавонони лаёқаманд ва ғолибони озмунҳо ва исломшиносон мебошад. 

Бознашр аз http://kgu.tj/donishgo-i-mo/?ELEMENT_ID=779

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-08-2018, 09:46:21 | Диданд: 789