МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Дасисаи нави Кабирӣ

Дасисаи нави Кабирӣ

Дар шабакаҳои интернетӣ пайдо шудани номаи нави Кабирӣ дар хусусӣ ба касалии саратон гирифтор шудани наберааш Ҳамза ва дар табобати он кашолагӣ кардани табибони кишвар ҳангомаи навбатии Кабирӣ мебошад. Муҳтарам М.Кабирӣ, агар туро чунин ном гирифтан мумкин бошад, ту чун аҳли зид хуб медони ки ҳама табибон савганд ёд мекунанд, ки ба ҳамаи беморон новобаста ба нажоду миллаташон саривақт кӯмаки тиббӣ мерасонанд. Инҷо саволе пеш меояд, ки барои чи аз ин пештар шумо дар ин хусус ҳарфе нагуфтед. Инҷо боз зери коса нимкоса ҳасту шумо ба ин амали хеш ҳукумати маро ба он гунаҳкор карданиед, ки гӯё ба авлодони шумо барин хоинони Ватан чун шаҳрванд ғамхорие надорад. Не ҷаноби Кабирӣ  ин андешаи шумо хом аст. Хубаш шумо руйирост мегуфтед, ки ман боз ин маротиба кормандони тиббро гунаҳкор карданиям. Ту шояд аз расонаҳои хабарӣ аз сафари кории Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари ба мо дусту ҳамсоя Узбекистон огоҳ шудию чун мурғи по сухта ҷойи нишаста наёфта ба ин роҳ моро бадном карданӣ мебошӣ. Вагарна набераи шумо Ҳамза ва келинатон дигар хешу таборе, ки барои гурезонидани онҳо фурсат наёфтед. Ҳама шароитҳои зиндагӣ муҳайёст ҳатто ҳамсояҳо ба онҳо сӯзи дил доранд.

         М.Кабирӣ мо шаҳрвандони Тоҷикистон салоҳи корро дар он мебинем, ки Шумо ба ҷойи ин дасисабозиҳои нав ба нав худро дар назди хоҷагони содиқ карда, нишон медиҳӣ хубаш теша бар пояи андеша бизанию арзи пушаймонӣ намоӣ. Боре мардона дар расонаҳо чун А.Сатторов баромад намо, ки ман аз кардаи хеш пушаймонаму аз халқи азизам барои ин гумроҳиам узр мехоҳам. Ин аст оини ҷавонмардию оини ватандорӣ .

Зоиров И-корманди шуъбаи маорифи ноҳия.    

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-08-2018, 16:00:32 | Диданд: 727