Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8681]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5772]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5131]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4631]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3940]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3937]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3934]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3931]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3639]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 53725
Эрон ҳеҷ вақт ором намешинад
Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумлаи камтарин кишварҳои наздик будааст, ки пайваста ба сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахолат кардааст. Аз қабл ҳам ин дахолатҳо, бахусус дар масоили марбут ба сиёсату мазҳаб бармало будаанд, аммо ахиран бархе ҳаводисе дар Тоҷикистон рӯй доданд, ки тафтишот дар онҳо маҳз “дасти эронӣ”-ро фош кард. Таъсису маблағгузории Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ, зери ниқоби кӯмакҳои “башардӯстона” маҷбуран ба шиагароӣ тела додани афроди ниёзманд, ба Эрон бурдани ҷавонон бо ҳадафи “тарбия” ва истифода дар амалҳои террористӣ, фармоиши қатли чеҳраҳои маъруф ва ғайра аз ҷумлаи барномаҳои мукаммале будаанд, ки ҳанӯз аз замони касби Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғоз шудаанд.
Вобаста ба ин ва дигар масоили марбут ба “дасти эронӣ” ё амалиёти “мазҳабгароӣ”-ву нооромсози ҷомеа дар Тоҷикистон мусоҳибае доштем бо хабарнигори тоҷик Довуд Исматӣ, ки аз соли 2006 ба ин тараф фаъолияти ТТЭ ҲНИ ва сарпарастӣ шудани он аз сӯйи Эронро таҳқиқ кардааст.
– Вақтҳои охир иддаоҳое зиёд рӯ мезананд, ки гӯё дар қазияҳои болотар зикршуда алайҳи Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ ва сарпарастии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ин ҳизб сохтакориҳо ва “иттиҳомоти сохта” сурат мегирад. Назари Шумо чист, оё дар воқеъ, айбҳое, ки алайҳи ин ҳизб ва сарпарасташ равона шудаанд, то чӣ андоза воқеианд?
– Ба назари ман, барои он ки ҷузъиёти ин суҳбат мушаххас шавад, бояд инро дар ёд дошта бошем, ки ҳадаф аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, “барномаи эронӣ” ва ё “дасти эронӣ” мардуми Эрон нестанд. Мардуме, ки ҳоло ба назар мерасад, худашон сиёсатҳои пешгирифтаи ҳукуматашонро қабул надоранд ва ба қиём алайҳи ҳукумати охундиашон наздик шудаанду дар ҳоли зарурат ин корро мекунанд, ҳеҷ вақт ҳавасманду ҷонибдор нестанд, ки кишварашон бо Тоҷикистон муносибатҳои вайрон дошта бошад. Он ҷо мардум зиёд норозианд, ки ҳукумати феълӣ маҳз барои манфиатҳои мазҳабиву идеологӣ муносибатҳоро бо Душанбе вайрон кард. Яъне, мардуми озоданиҳоди ин кишвар, ҳамчун дигар мардумони сулҳдӯст, ҳамеша пуштибониву дастгирӣ аз террору терроризмро маҳкум мекунад. Аммо ҳукумате, ки нони даҳони мардумро гирифтаву ба доираҳои террористӣ ва ташкилотҳои фаъолияташон мамнӯъ сарф мекунад, бо маблағи андози мардумаш дар кишварҳои дигар лагерҳои террористӣ месозад, бақо надорад. Ҳам аз дидгоҳи имрӯз ва ҳам пешорӯи таърих нақши доғдори ин гуна ҳукуматҳо рӯшану диданист. Мардуми Эрон ҳамаи ин ҳолатҳоро хуб дарк мекунад ва барои ҳамин аз фаъолияти ҳукумат норозист. Тазахуротхои охир шаходати ин аст.
Аммо он чӣ ки ба ташкили Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ ва сарпарастии молиявию идеологии он марбут аст, қайди ин нукта муҳим аст, ки ин авҷи бозии сиёсӣ ва ҳамон мазҳабиву амниятӣ, бо ҳадафи татбиқи лоиҳаҳои ҳаммонанд аст. То чанд соли қабл дар қиболи барномаҳои ин бозӣ, ки аз сӯйи Теҳрон роҳандозӣ мешавад, Тоҷикистон мавқеи худдифоиро дошт, танҳо бо умедвории ин ки ғаразҳо аз байн бардошта мешаванд ва Теҳрон барномаҳои ғайри қобили қабулаш алайҳи Душанберо лағв мекунад. Ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 ва декабри ҳамон сол сабри Тоҷикистонро сар овард ва Душанбе водор шуд, ки расман бигӯяд, дигар бас аст, дасти нохалаф аз рӯйи мардуми тоҷик бардоред ва ба арзишҳои ин мардум эҳтиром қоил шавед.
– Вобаста ба наворҳое, ки ахиран аз сӯйи собиқ масъулони ТТЭ ҲНИ паҳн шуданд, чӣ назар доред? Онҳо то чӣ андоза воқеиятро ошкор карданд?
– Таърих бо ҳама суолҳо ҷавоб дорад. Бо гузашти ду даҳсола аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ воқеияти он рӯзҳо аз забони шоҳидони зинда фош шуда истодаанд. Масалан, эътирофоте, ки Айёмиддин Сатторов дар филми мустанади “Бозгашт аз чаханнам”кард, ҳеч далеле барои рад кардан надорад, зеро ӯ аз ҷумлаи бунёдгузорони асосии ҲНИ аст ва аз тамоми гардишҳои фаъолияти он огоҳӣ дорад. Аммо ӯ ба фарқ аз онҳое, ки ҳоло аз ҳар ҷо омада, худро “соҳиб”-и ҲНИ эълон кардаанд, воқеияти амалу рафтору кирдори худу сарпарасташонро ошкоро зикр кард. Қабл аз ин Қиёмиддини Ғозӣ ҳамин гуна фошгӯиҳо дошт.
Инҳо бо вуҷуди лаънату нафрини мардумашон воқеиятро гуфтанд. Аммо як бархӯрди ноҷоеро мебинам. Бубинед, дар бораи он чиҳое, ки Ғозиву Айёмиддин гуфтанд, солиёни зиёд дар матбуот менавиштанд, дар китобҳои алоҳида ҳам ҳастанд, касе онҳоро зери суол намебурд. Аммо вақте наворҳои иқроршавии онҳо паҳн шуданд, ба зудӣ аз сӯйи роҳбарону думравони ҲНИ ибораи маъмулӣ “таҳти фишор” истифода шуд. Масалан, Ғозӣ он чиро, ки дар “Решаҳои ноайён” гуфт, дар мусоҳибаҳои матбуотиаш ҳам гуфта буд, аммо касе эрод нагирифт ва ҳатто баръакс, баъзан аз сӯйи наҳзатиён ба навъе қаҳрамонӣ маънидод шуданд. Ҳоло, ки ба зерашон об рафтааст, ҳатман Ғозиро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам мекунанду мақомотро ба зӯроварӣ.
Фикр намекунам, худиқрории Ғозиву Айёмиддин тасодуфӣ бошанд. Аз як тараф, инро ҳама хуб медонанд, ки одамон дар пиронсолӣ хатоҳои кардаашонро пеши назар меоранд ва айбу гуноҳҳояшонро иқрор шуда, узр мепурсанд. Аз сӯйи дигар, муроҷиати Ғозиву Айёмиддин нишон медиҳад, ки шабаҳе думболагирашон аст – тарс аз сӯиқасд ё мавриди ҳамлаи хадамоти махсуси аллакай собиқ сарпарастонашон қарор гирифтан. Мо бояд ин воқеиятро бипазирем, ки онҳо ва афроди монанд ба онҳо барои фош кардани сирри пасипардагӣ метавонанд мавриди интиқомгирӣ қарор гиранд. Аслан, онҳо чизе нав нагуфтанд, чун дигар барои мардуми Тоҷикистон ҳамааш ошкор аст, ки ҲНИ чаро ташкил карда шуд, ҷангро чаро роҳандозӣ карданд, ҳадафи наҳзатиёну сарпарастонашон чист… Аммо аз ин дидгоҳ, ки онҳо ҳамчун шоҳиди зинда ва ба таври зинда суҳбат карданду дар айни замон фактҳои мушаххасу дақиқро пешорӯи ҷомеа гузоштанд, эътирофоташон барои мардум ва ҷамеаи ҷаҳонӣ ҷолиб буданд.
Раванди пуштибониҳои ТТЭ ҲНИ дар кишварҳои ғарбӣ, маблағузории чорабиниҳои таблиғотӣ ва иттилоотии ин ташкилоти террористӣ баёнгари рӯшоди ин ҳақиқатанд, ки Эрон дар масъалаи муносиботаш бо Тоҷикистон ором нишастанӣ нест. Ва то ҳол бовар карданӣ ҳам нест, ки ин ташкилоти террористӣ ва роҳбарони шармандааш дигар “мурда”-и сиёсие беш нестанд. Худро бо пайвастаги бо ХНИ, агар хамин хел рафтан гирад, беобру ва шарманда хохад кард.
– Чаро фикр мекунед, ки маҳз ин ҳаводис мақомоти Тоҷикистонро водор кард, то дар бораи қатъи фаъолияти ТТЭ ҲНИ иқдом гиранд?
– Барои он ки маҳз ин ҳодиса чеҳраи аслии ҲНИ-и баъдиҷангиро пешорӯи ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон ба намоиш гузошт. Агар ба думболи ин ҳодиса мулоқоту суҳбати ошкори раиси фирории ҳизб бо мақомоти баландпояи эронӣ баргузор намегардид ва аксҳояш намоишкорона ба матбуот роҳ дода намешуданд, шояд ҳоло чунин хулоса мавҷуд намебуд. Яъне, агар силсилаи ҳаводиси баъди моҳи сентябри соли 2015 ба ин тарафро аз назар гузаронем, маҳз ҳамин хулоса бармеояд.
Аз ҷониби дигар, бубинед, як таҳқиқоти холис муайян кардааст, ки ба ғайр аз қатли Сайф Раҳимзода, Муҳаммад Осимӣ, Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур, Карим Юлдошев, Минҳоҷ Fуломов, Исҳоқӣ Юсуф, Сафаралӣ Кенҷаев, Моёншо Назаршоев, Нурулло Ҳувайдуллоев, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Муродулло Шерализода, Айнулло Неъматов, Ҳабиб Сангинов ва дигарон аъзои ҲНИ беш аз 550 ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла, куштор, таҷовуз ба номус, терроризм, бандитизм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, ташкили воҳидҳои мусаллаҳ, роҳзанӣ, ғасб намудани ҳокимият, исёни мусаллаҳона ва ғайр содир кардаанд. Аксари ин ҷиноятҳо дар замони осоишта содир карда шудаанд.
Ба ғайр аз ин, тибқи маълумоти оморӣ, зиёда аз 800 нафар узви ҲНИ барои алоқамандӣ бо ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дастгир гардида, ин ҳизб зиёда аз 1000 нафарро барои гирифтани таълимоти террористӣ-экстремистӣ ба пойгоҳҳои террористиву экстремистии кишварҳои хориҷӣ фиристодааст.
Яъне, ҲНИ дар зимни ҳодисаҳои сентябри соли 2015 нишон дод, ки ба як хатари ҷиддӣ барои тамоми минтақа табдил ёфтааст. Ин ҳодисаҳо ҳушдор ба мақомоти Тоҷикистон буданд, ки ҳарчи зудтар бояд сари роҳи наҳзат гирифта шавад.
– Қудратталабӣ ё ҳадафҳои сиёсӣ, яъне чӣ? То ҷое медонем, роҳбарони ҲНИ ҳамеша зери пӯшиши “хизмат ба давлату миллат” мегуфтанд, ки ҳадафи тасарруфи қудрати сиёсиро надоранд.
– Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ чун ҳар ташкилоти дигари террористӣ ҳанӯз аз қабл ҳадафи дар Тоҷикистон ба қудрат расиданро дошт. Инро ҳеҷ навъ рад карда намешавад. Аз ҷумла, ҳамон ҳодисаи моҳи сентябри соли 2015 маҳз ба ҳамин хотир буд, яъне, боз як кушиши аз роҳи ҷангу зӯроварӣ ғасб кардани қудрати сиёсӣ. Кушиши аввал солҳои 1992-1997 сурат гирифт, ки бо қатли 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон анҷом ёфт ва он замон ҳукумати Тоҷикистон маҳз ба хотири идома наёфтани қатлу куштори мардумаш розӣ шуд, ки ҳиссаеро ба неруҳои мухолиф диҳад.
Аҷиб ин аст, ки ҳамин наҳзатиён вазифаро гирифтанду ҷангро бас карданд. Дуруст, ки сулҳ ин орзуву омоли кулли мардуми кишвар буд, аммо онҳое, ки давоъҳои зиёд доштанд, нишон доданд, ки маҳз барои мансаб ҷангиданд.
Ғасби қудрати сиёсӣ дар Тоҷикистонро ҳатто муассиси ҲНИ Саид Абдуллоҳи Нурӣ эътироф карда буд, аммо ӯ ҳеч умеде ба ин надошт, ки наҳзатиён тавонанд коре барои рушду тараққии Тоҷикистон анҷом диҳанд. Фикр мекунам, маъруфтарин суҳбати ӯро аксаран дар ёд доранд, ки чанде қабл аз фавташ гуфта буд: “Агар бо ҳамин ҳолате, ки ҳизб дорад, ба қудрат расад, ҳам ҳизбро, ҳам исломро ва ҳам миллатро шарманда мекунад”. Аммо бубинед, ки ин ҳизб на танҳо ба қудрат расида натавонист, балки ҳамагӣ бо ду курсӣ дар парламент ҳам ҳизбро, ҳам исломро ва ҳам миллатро шарманда кард.
Ин ҳолат ҳатто боиси норозигии сарпарасти ҲНИ – роҳбарияти олии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз роҳбарияти ин ҳизб шудааст. Торҳои ин ташкилот дар бисёр минтақаҳои ҷангзада ва дигар кишварҳои пешрафта, бахусус дар Аврупо, паҳну парешонанд. Аз ин дидгоҳ ҲНИ дигар танҳо марбут ба Тоҷикистон нест, он хатар ба ҷомеаи ҷаҳонист. Дуруст, аз лиҳози сиёсӣ ва қудратталабӣ ин ташкилот ба Тоҷикистон ҳеч хатар надорад, аммо аз лиҳози амнияти шаҳрвандон метавон хатари онро дар ҳар қадам эҳсос кард. Террори сайёҳони хориҷӣ дар Данғара далели ин гуфтаҳост.
Дар умум, Тоҷикистон тавонист дар як муддати кӯтоҳ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонад, ки ҲНИ – ин яъне, терроризму экстремизм, ин яъне, ҷангу хунрезӣ. Ва таври маълум, ҳатто созмонҳое ҳам пайдо шуданд, ба мисли ИДМ ва СҲШ, ки инро тасдиқ карданд.
– Аммо бисёриҳо ба ин назаранд, ки Эрон дар аксар вақт аз гӯё қудрати минтақаӣ будан сӯистифода мекунад…
– Ҳамин тавр ҳам ҳаст, Теҳрон мехоҳад кишварҳои минтақаро тарс диҳад ва ноором кунад.Маълум аст, ки манфиатҳои зиёде ин ҷо доранд ва қартаи Кабирӣ барои фишор ба Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад. Яъне, Теҳрон дидаву дониста, манфиатҳои Тоҷикистонро пушти пой зад. Бо ин амали худ, ин нишон медихад, ки Эрон аз инкор даст кашидани нест ва даст хам намекашад ва худро як умре душмани 10 млн ахолии Точикистон ва умуман точикони чахон мекунад, дар якчояги бо нахзати мамнуъшуда.
Аз самти дигар, Теҳрон, ки дар аксар муборизаҳои қудратхоҳии минтақаиву ҷаҳонӣ шикаст хӯрдааст, ё сирраш ҳамчун сарпарасти терроризми ҷаҳонӣ фош шудааст, коре ҷуз ин надорад, ки Душанберо саргарми мубориза алайҳи ҲНИ ва роҳандозии ҷанги иттилоотӣ нигоҳ дорад.
Аммо набояд фаромӯш кунем, ки Тоҷикистони имрӯз Тоҷикистони солҳои навадуми асри гузашта нест – ҳам аз лиҳози мавқеъгирии сиёсӣ, ҳам аз лиҳози барномаҳои иқтисодӣ ва ҳам дар масоили марбут ба мазҳабу амнияти дохилӣ. Шурӯъ аз узвият дар созмонҳои маъруфи ҷаҳониву минтақавӣ, ба монанди СММ, САҲА, СҲШ, СААД, ИДМ то ба роҳандозии ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ, кишвари мо мавқеъи худро мустаҳкам кардааст. Кабирӣ ва ташкилоти террористии ӯ ҳеҷ вақт наметавонанд асбобе барои тарс додан ё фишор овардан бошад.
Дар марказҳои қабули қарор дар Теҳрон бояд ба дарки ин нукта расанд, ки бас аст сарпарастии молиявию идеологии ин ташкилоти террористӣ. Фикр мекунам, ҳамин омил – қатъи сарпарастӣ ва эътирофи ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ – метавонад умедро барои беҳбудии равобити Душанбеву Теҳрон зинда кунад. Дар ғайри сурат, Эрон мавқеъи аздастдодаашро ҳамчун кишвари қудратманду сулҳхоҳ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кулли кишварҳои минтақа барқарор карда наметавонад. Ва ҳамин тавр, фаъолияти худро дар самти маблағгузории терроризму бунёди лагерҳои террористӣ ва вайрон кардани муносибатҳо идома медиҳад ва хамчун давлати террористӣ минбаъд хам муаррифӣ мешавад. Ин хақиқат ва воқеӣ аст.
ИмрӯзNews http://imruz.tj
№139 (1713) аз 24.08.2018
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 25-08-2018, 06:47:10 | Диданд: 686