Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8681]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5772]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5131]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4631]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3940]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3937]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3934]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3931]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3639]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 53728
ҲАРЧИ КАРДӢ БО ПАДАР ОНРО БУБИНӢ АЗ ПИСАР
Соҳибхираде мефармояд: Киштӣ дар об хатар надорад, балки об дар даруни киштӣ хатар дорад. Мусалмон дар дунё хатар надорад, балки дунё дар қалби мусалмон хатар дорад.
Имрӯз аз шабакаҳои иҷтимоӣ замоне ки ҳадафҳои нопоки пайравони ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломро варақгардон менамоем, боиси таассуф аст, ки ин қадар муҳаббати сарвати хоҷагонашон дар қалби онҳо ворид гардидааст, ки ҳатто Ватан, миллат, волидайн ва фарзанд дар назарашон арзише надорад. Аз номи дини мубини ислом ҳарф мезананд, аммо дар ботину зоҳирашон ислом дида намешавад.
Аз устоде пурсидаанд, ки барои тарбияи фарзандонат кадом усулро анҷом медиҳӣ.
Гуфт: Ҳеҷ усулро анҷом намедиҳам.
Пас гуфтанд: Чаро ин қадар фарзандонат боахлоқ мебошанд?
Гуфт: Ман худамро тарбият менамояд, то барои фарзандонам намуна бошам.
Пас метавон хулоса кард, ки фарзандону наберагони эшон аз ин бобоҳою ин падарон чӣ тарбия меомӯхта бошанд?
Зеро амалу кирдори онҳоро на таърих, на миллат ва на мардум ҳаргиз намебахшанд.
Падаре бо писараш гуфт:
-Фарзанди азизам дар замони пириам сабур бош, мабодо дар замони пириам роҳ рафтан бароям мушкил шавад, аз гирифтани дасти ман шарм мадор, зеро дар замони тифлиат ман дасти туро мегирифтам ва аз қадамзании ту шодӣ мекардам.
-Фарзанди азизам, манро тарк макун, зеро ман дар замони тифлиат бо ту будам, ту низ дар замони марг бо ман бош.
Аммо чанд соле қабл падари Кабирӣ ҳам вафот намуда буд ва ӯ ҳатто дар ҷанозаи падараш иштирок накард. Сад ҳайфи чунин ҷавонмардӣ.
Бузургон мефармоянд:
Дидам падаре, ки аз писар озор дид,
Аз ҷабри писар-ш заҳмати бисёр дид.
Рӯзе бирасид он писар гашт падар,
Ӯ аз писари хеш чунин озор дид.
И.Музаффарӣ,
устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон
Бознашр аз http://www.din.tj/?q=node/987
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 03-09-2018, 13:27:35 | Диданд: 930